Сафири Тоҷикистон дар Исломобод Шералӣ Ҷононов ба васоити ахбори умуми ин кишвар хабар додааст, ки муҳлати анҷоми амалисозии лоиҳаи минтақавии интиқоли барқи CASA-1000 соли 2018 дар назар аст.
«Дар доираи ин лоиҳа мо ба Покистон энергияи тоза ва арзон интиқол медиҳем», - иттилоъ медиҳад нашрияи The Express Tribune бо такя ба суханони дипломати тоҷик.
Сафир зикр кардааст, ки баъди чанд моҳ «бевосита амалисозии лоиҳа шурӯъ мешавад, ки панҷ сол пеш дар ин бора танҳо орзу кардан имкон дошт».
Қобили зикр аст, ки дар лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ барои содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.
Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.
Мувофиқи лоиҳа, 70%-и нерӯи барқи содиршаванда ба ҳиссаи Тоҷикистон ва 30% ба ҳиссаи Қирғизистон рост меояд.
Барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ 526,5 млн.доллари ИМА ҷудо кард, аз ҷумла ба сифати бурс ба Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳар кадоме 45 млн. доллари ИМА ва ба сифати қарз ба Афғонистону Покистон мутаносибан 316,5 млн. ва120 млн. доллари ИМА.
Мебояд гуфт, аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 , ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.
Аввали соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста