Саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» дар бораи то ба 14 млрд. сомонӣ афзудани ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият қарор қабул карданд.
Аз ҶСК «НБО Роғун» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин қарор дар ҷараёни маҷлиси умумии солонаи Ҷамъият, ки рӯзи 22 май дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, қабул шудааст.
Хотиррасон шуд, ки моҳи феврали соли гузашта зимни маҷлиси умумии солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО Роғун» ҳаҷми сармояи оинномавии Ҷамъият аз 6 млрд. то ба 12 млрд. сомонӣ зиёд шуда буд.
Ба иттилои манбаъ, дар маҷлиси умумии солона ҳисоботи комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявӣ дар соли 2014, хулосаи аудитори ҶСК «НБО Роғун» барои солҳои 2013-2014 ва ҳисоботи Комиссияи тафтишотӣ оид ба фаъолияти молиявии ҶСК «НБО Роғун» дар соли 2014 низ шунида шуданд.
Дар маҷлис ҳайати нави Шӯрои нозирон интихоб шуд, ки аз 13 нафар иборат буда, нахуствазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода дубора раиси ин Шӯро интихоб шуд. Ҳамчунин аъзои Комиссияи тафтишотӣ ва Комиссияи баҳисобгирии Ҷамъият низ интихоб шуданд.
Зимнан зикр гардид, ки дар маҷлис дар маҷмӯъ 9 масъала баррасӣ шуда, аз рӯи ҳар кадоме аз онҳо қарорҳои мушаххас қабул шуданд.
Қобили зикр аст, ки маҷлиси умумии нахустини солонаи саҳҳомони ҶСК «НБО «Роғун» 26-уми майи соли 2011 ва маҷлиси ахири саҳҳомони он 28-уми июни соли гузашта баргузор гардид.
Моҳи январи соли 2010 дар Тоҷикистон маъракаи фурӯши саҳмия ва сертификатҳои ҶСК «НБО «Роғун» оғоз гардид. Ба суратҳисоби ҷамъият, ки дар Вазорати молия ва бонкҳои ҷумҳурӣ кушода шуданд, аз ҳисоби фурӯши саҳмияҳо ва сертификатҳои онҳо 804,7 млн. сомонӣ ва ба сифати кӯмаки молиявӣ 28,8 млн. сомонӣ маблағ ворид гардид. Шумори мушаххаси саҳҳмони ҶСК «НБО Роғун» алҳол ифшо намешавад.
Маъракаи фурӯши кушоди саҳмияҳои ҶСК «НБО Роғун» баъди он оғоз гардид, ки Тоҷикистон барои маблағгузории идомаи сохтмони он сармоягузор пайдо накард. Маблағи умуми сармоягузорӣ барои анҷоми сохтмони нерӯгоҳ - 2,2 млрд. доллари ИМА ва навбати аввали он - 590 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.
Мавриди истифода қарор гирифтани навбати аввали нерӯгоҳи Роғун аз соли 2009 чандин маротиба ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуд ва имрӯз ҳам маълум нест, ки кай сохтмони иншоот оғоз мегардад. Дар сурати амалисозии лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳи Роғун баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд. Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи «Роғун» - 3600 МВт ва истеҳсоли миёнаи солонаи нерӯи барқи он - 13,1 млрд. кВт/соатро ташкил хоҳад дод.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста