Рӯзҳои 20-21 майи соли 2015 дар шаҳри Гаага Конфронси вазирони Паймони Нерӯ баргузор гардид, ки дар он намояндагони зиёда аз 80 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Тавре аз сафорати Тоҷикистон дар Брюссел хабар доданд, зимни конфронс намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо сафир Рустамҷон Солиев ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён оид ба иқтидори сармоягузорӣ дар соҳаи обӣ-энергетикии кишвар маълумоти муфассал манзур намуда, ҷонибҳоро ҷиҳати таҳкими муносибатҳои мутақобилан судманд даъват намуд.
Ҳамзамон, намояндаи доимии Тоҷикистон ба ҳозирин оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, дар ҳошияи конфронс мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини ёвари котиби ИМА оид ба энергетика Робин Дунниган баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои дуҷонибаи қобили таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста