Ахири ҳафтаи сипаришуда зимни мулоқоти муовини аввали вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Саидраҳмон Назриев бо намояндагони Бонки осиёггии рушд (БОР) вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Хадамоти матбуоти БОР дар шарҳи ин хабар менависад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили иқтисодӣ ва ҳамкории барои тарафайн судманд, тарҳи барномаи ислоҳот ва мақоми иҷрои тадбирҳо тибқи ҷадвали баимзоасида дар доираи Ёддошт миёни ҳукумати Тоҷикистон ва бонкро баррасӣ кардаанд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳамчунин ба масоили марбут ба нақша ва тадбирҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷонибаи мутақобилан судманд низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Қобили зикр аст, ки БОР яке аз ниҳодҳои бузурги молии мадарасон ба Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки давоми 15 сол ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми беш аз 1,3 млрд. доллари ИМА кумаки молӣ расонидааст. Ин воситаҳо ба Тоҷикистон асосан ба сифати бурс ва кумаки техникӣ пешниҳод шудаанд.
Аз соли 2008 Бонки осиёгии рушд танҳо бар асоси бебозгашт ба Тоҷикистон кумаки молӣ мерасонад.
Қаблан раҳбарияти намояндагии БОР дар Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки аз соли 2015 имкони барқарор кардани ба Тоҷикистон пешниҳод намудани қарзҳои имтиёзнок вуҷуд дорад. «Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки шурӯъ аз соли 2015 ба Тоҷикистон воситаҳои бурсӣ ва қарзҳои имтиёзнок дар ҳаҷми баробар ҷудо карда шавад», - хабар дода буд ба журналистон аввали соли гузашта намояндаи доимии БОР дар ҶТ С.Си.Ю.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста