Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қурби доллари ИМА нисбати арзи миллии Тоҷикистон - сомонӣ қариб 2,5% поин рафт.
Имрӯз 25, май дар нуқтаҳои мубодилаи асъор қурби хариду фурӯши доллари амрикоӣ 6,40-6,42 сомонӣ барои 1 доллари ИМА-ро ташкил медиҳанд. Ахири ҳафтаи гузашта дар лавҳаҳои саррофиҳо ин рақамҳо 6,52-6,54 сомонӣ дарҷ ёфта буданд.
Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) алҳол бо чунин андоза якбора поинравии қурби доллари амрикоиро шарҳ намедиҳад. Ҳамчунин кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор, ки мо бо онҳо ҳамсуҳбат шудем, низ аз шарҳи ин масъала худдорӣ мекунанд.
Қобили қайд аст, ки шурӯъ аз нимаи дуюми соли гузашта тамоили поинравии қурби сомонӣ нисбати доллари ИМа оғоз гардида буд.
Тибқи маълумоти БМТ, соли гузашта қурби доллари ИМА нисбати сомонӣ тақрибан 10% боло рафта буд, аммо моҳи марти соли равон пули миллии кишвар бештар мавриди фишор қарор гирифт.
Дар ин робита раҳбарияти Бонки миллӣ оид ба қатъи фаъолияти нуқтаҳои мубодилаи асъори мутааллиқ ба шахсони воқеъӣ қарор қабул кард. Ҳамин тариқ, дар саросари кишвар фаъолияти аз нисф зиёди нуқтаҳои мубодилаи асъор (беш аз 800 адад) қатъ шуд.
Дар ҳамин ҳол, чанд рӯз қабл БМТ иттилоъ дод, ки ба санаи 15 майи соли равон 355 адади нуқтаҳои мубодилаи асъори басташуда ҳамчун муассисаи ташкилотҳои қарзӣ аз нав ба қайд гирифта шуда, фаъолияти худро оғоз намуданд. Зикр гардид, ки нуқтаҳои мубодилаи асъори шахсони воқеӣ то санаи 1 июли соли ҷорӣ метавонанд ба сохтори ташкилотҳои қарзӣ гузаранд.
Таъкид гардида буд, ки айни замон назорати ҳамарӯзаи бозори нақди асъор ва ҳолати талаботи истифодаи асъори хориҷӣ дар муомилоти дохилӣ аз ҷониби мақомотҳои дахлдор дар якҷоягӣ бо мутахассисони Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли 2015 қурби сомонӣ нисбати доллари амрикоӣ дар Тоҷикистон қариб ба андозаи 20% поин рафт. Тибқи маълумоти Бонки миллӣ, ба санаи 1 январи соли равон қурбҳои миёнаи доллари ИМА нисбати арзи миллӣ ба 5,46 - 5,48 сомонӣ баробар буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста