IFC, аъзои Гурӯҳи Бонки Ҷахонӣ, бо дастгирии Ҳукумати Швейтсария ба Ҳукумати Тоҷикистон ҷихати истифодабарии амволи манқул хангоми гирифтани қарз ёрӣ мерасонад, ки ин барои беҳтар гардонидани дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои соҳибкорон ва муассисахои хурди соҳибкорӣ мусоидат карда, ҳадафи охиринаш таҳким  додани ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таъмини рушди иқтисодӣ аст.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабар доданд, дар Тоҷикистон шумораи зиёди соҳибкорон ва корхонаҳои хурд замин надоранд, ки он одатан ҳамчун амволи анъанавии гарави қарзӣ истифода мешавад. Шакли ба гарав гузоштани  амволи манқул, масалан, таҷҳизот ё қарзи дебиторӣ аз ҷониби муассисаҳои хурд ба онҳо ҳангоми гирифтани  қарз аз бонкҳо мусоидат мекунад, IFC кӯшишҳои Ҳукуматро оиди кор карда баромадани асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии мувофиқ дастгирӣ менамояд.

«Мавҷуд набудани қонунҳои амалкунанда ва реестри муомилоти таъминшуда дар Тоҷикистон дастрасиро ба манбаҳои қарздиҳӣ барои соҳибкории хурд ва миёна  маҳдуд менамояд, зеро онҳое, ки танҳо дорои амволи манқул хастанд, наметавонанд онро ба сифати гарави қарз пешниҳод намоянд. Аз хамин сабаб зарурати калон ба муҳайе кардани шароити мусоид барои рушди қарзгири бо таъмини гарави дороии манкул ва истифодаи он барои беҳтар гардонидани дарстрасӣ ба манбаъҳои молиявӣ вуҷуд дорад», -  гуфт Валерий Ким,  муовини раиси  Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон, ки ҳамчунин аъзои Гурӯхи корӣ оид ба ислоҳоти заминаи нормативӣ-ҳуқуқи оиди муомилоти таъминшуда аст.

Чуноне ки Заррина Одинаева, роҳбари лоиҳаи IFC қайд кард: «Системаи бехатар ва хуб амалкунандаи қарзгирӣ ҷузъи муҳими инфрасохтори молиявии ҳар як мамлакат аст ва имконият медиҳад, ки муассисаҳо дороии худро ҳамчун капитал барои инвеститсияҳо ва рушд истифода баранд. Мо кӯшиш мекунем, ки дониши амиқ ва таҷрибаи ҷаҳониро якҷоя карда, талошҳои ҳукуматро дар рушди имкониятҳои васеътари молиявӣ дар Тоҷикистон дастгирӣ намоем».

Дар иртибот ба ин рӯзҳои 25 -27 майи соли равон IFC дар Душанбе конференсия ва машваратҳои омӯзишӣ мегузаронад, ки ба масъалаи ба гарав гузоштани амволи манқул ҳангоми қарзгирӣ барои муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои хурди қарзи ғайрибонкӣ бахшида шудаанд.

Ташаббус як қисмати Лоиҳаи таҳким додани инфрасохтори молиявии Осиёи Марказии Таҷрибаи Глобалӣ оид ба молия ва бозорҳои молиявӣ буда, ба пурқувват кардани инфрасохтори молиявии Тоҷикистон равона шудааст. Лоиҳа аз ҷониби Ҳукумати Швейтсария маблағгузорӣ мешавад.

Маълумот дар бораи Гурӯҳи Бонки Ҷахонӣ

Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ яке аз бузургтарин манбаъҳои ҷаҳонии сармоягузорӣ ва дониш барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ мебошад. Он аз панҷ муассисаи робитаҳояшон хеле зич иборат аст: Бонки байналхалқии азнавсозӣ ва рушд (ББАР), Ассотсиатсияи Байналхалқии Рушд (АБР), ки якҷоя Бонки Чаҳониро ташкил мекунанд ва ҳамчунин Корпоратсияи байналхалқии молиявӣ (IFC), Агентӣ оид ба кафолати сармоягузории бисёрҷониба (MIGA) ва Маркази Байналхалқии танзими баҳсҳои сармоягузорӣ (ICSID). Ҳар як институт дар мубориза бо камбизоатӣ ва баланд бародоштани сатҳи зиндагонии мардум дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ нақши махсусро иҷро мекунад.

Маълумот дар бораи кумаки Швейтсария
«Дар чорчӯбаи стратегияи ҳамкорӣ барои солҳои 2012-2015 Швейтсария дар маркази кумаки худ секторҳои тандурустӣ, волоияти қонун, таъмини оби нӯшокӣ ва санитария, рушди сектори хусусиро қарор додааст. Мақсади умумии ҳамкории Швейтсария дар Тоҷикистон расонидани ёрӣ дар марҳилаи гузариш дар кишвар тавассути мусоидат ба рушди иқтисоди ва бунёди институтҳо ва системаҳои ба эҳтиёҷоти аҳолӣи ҷавобгӯ аст.