Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 27 май тағйироту иловаи аз ҷониби ҳукумати кишвар пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2015»-ро оид ба аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кардани корхонаи муштаракаи Тоҷикистону Чин «Ху Чан Ғаюр Индастрал»-ро дастгирӣ намуд.
Муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Меҳринамо Ҷонмаҳмадова ба вакилон дар ин робита маълумот дод, ки аз пардохти андоз аз арзиши изофа ва боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизоту технологияи ин ширкат ба маблағи 18 млн. доллари ИМА пешниҳод мешавад. Маблағи умумии воситаҳое, ки дар ин ҳолат ба буҷети кишвар ворид намегардад, 4,3 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Ху Чан Ғаюр Индастрал» айни замон ба сохтмони ду корхонаи истеҳсоли варақаҳои гипсокартонӣ ва масолеҳи сохтмони насбу ороиш дар ноҳияи Ёвон машғул аст. Мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи аввал ахири моҳи июни соли равон ва корхонаи дуюм низ моҳи декабри ҳамин сол дар назар аст, ки дар онҳо 300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҷойҳои корӣ таъмин карда мешаванд.
Зимни суханронӣ назди намояндагони мардумӣ директори генералии ширкати мазкур Акбар Ғуломов (писари собиқ муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ, марҳум Асадулло Ғуломов) изҳор кард, ки корхонаи истеҳсоли варақаҳои гипсокартонӣ аввалин корхона дар Тоҷикистон хоҳад буд, ки гипсокартон ва ва ғурагач истеҳсол мекунад.
«Имрӯз талаботи Тоҷикистон ба варақаҳои гипсокартонӣ 7 ҳазор варақа дар як шабюонарӯзро ташкил медиҳад ва ғайр аз ин, боз дар як шабонарӯз 3 ҳазор варақаи истеҳсоли корхона ба Афғонистон содирот мешавад», - зикр кард Ғуломов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста