Поинравии қурби доллари ИМА нисбат ба арзи миллӣ - сомонӣ, ки рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта шурӯъ шуда буд, идома дорад.
Давоми рӯзи 27 май дар бозори нақди шаҳри Душанбе қурби доллари амрикоӣ нисбати сомонӣ тақрибан ба андозаи 5% коҳиш ёфт. Ахири рӯз қурбҳои хариду фурӯши доллари амрикоии нақд дар нуқтаҳои мубодилаи асъори пойтахт 6,00-6,02 сомониро ташкил доданд ва ин ҳам дар ҳолест, ки нимаи аввали рӯз қурби он ба 6,30-6,32 (барои 1 $) сомонӣ баробар буд.
Коҳиши бесобиқаи қурби доллари ИМА ба он оварда расонид, ки дар муқоиса бо қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон, қурби доллар дар бозор қариб 4,4 фоиз поин рафт. Қурби доллари ИМА, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ба санаи 28 май муқаррар карда шудааст, 6,2685 сомониро ташкил медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки раванди беқурбшавии доллари ИМА нисбати сомонӣ рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта шурӯъ гардид. Рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта қурби доллар аз 6,52-6,54 сомонӣ то 6,40-6,42 сомонӣ ва рӯзи сешанбе то 6,30-6,32 сомонӣ поин рафта буд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон тамоили мазкурро ба тадбирҳои роҳандозишуда аз ҷониби раҳбарияти нави бонк дар ҳамдастӣ бо дигар бонкҳои кишвар, кам шудани талабот ба асъори амрикоӣ ва ҳамчунин афзоиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ марбут медонанд.
Дар ин робита чанде аз коршиносони бахши молияву иқтисоди кишвар низ ба хабаргузории «Азия-Плюс» фикру андешаҳои худро изҳор намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста