Аввали моҳи июни соли равон дар меҳмонхонаи «Sheraton»-и пойтахт ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон баргузор мешавад. Чорабинии мазкур аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати ҶТ (ПСС ҶТ) дар ҳамдастӣ бо Агентии миллии содирот ва сармоягузории «KAZNET INVEST»-и назди Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Қазоқистон созмон дода мешавад.
Чуноне ки ба «Азия-Плюс» аз ПСС ҶТ дар ин робита хабар доданд, дар ҳамоиш аз иштироки намояндагони беш аз 20 ширкатҳои содиротии Қазоқистон интизорӣ меравад, ки дар бахшҳои мошинсозиву дорусозӣ ва соҳаи саноати кимиёву истеҳсоли маҳсулоти ғизойӣ фаъолият мекунанд.
«Ҳадафи аслии баргузории ҳамоиш таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо аст», - гуфтанд дар ПСС ҶТ.
Қобили зикр аст, ки тайи солҳои ахир вохӯриҳои соҳибкорони Тоҷикистону Қазоқистон ба ҳукми анъана даромадаанд. Соли гузашта санаи 3 июн ба ин монанд чорабинӣ дар шаҳри Душанбе доир гардида, дар он бо иштироки намояндагони зиёда аз 100 ширкат аз ҳарду ҷониб ба маблағи беш аз 60 млн. доллари ИМА қарордодҳо ба имзо расиданд.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, семоҳаи авали соли 2015 ҳаҷми умумии муомилоти мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон ҳудуди 160 млн. доллари ИМА-ро ташкил додаст, ки аз рӯи ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо кишвархои хориҷӣ танҳо аз Русия камтар мебошад.




Низоме, ки Амрикову Исроил аз он ҳарос доранд. Эрон аз сӯйи кӣ ва чӣ гуна идора мешавад?
Расму ойини наврӯзӣ дар Тоҷикистон
Имрӯз дар Ӯзбекистон “Рӯзҳои фарҳанг ва синамои Тоҷикистон” оғоз мешавад
Ҳамлаи фоҷеабор ба “Крокус”. Баъди 2 сол 19 муттаҳам равонаи зиндон шуд, аммо 5 савол бидуни посух монд
Кумакҳои башардӯстонаи Тоҷикистон ба Эрон расид
Нахустин ҷашни расмии Наврӯз дар Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 марти соли 2026
Пул ҳаст, лекин эътимоду дониш нест. Чӣ гуна сармоягузорӣ метавонанд зиндагиро дар Тоҷикистон тағйир диҳад?
Чашм во кун, рангу асрори дигар дорад баҳор... Андар муносибати ҷашни Наврӯз ба дину мазҳаб
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста