Роҳбарони сохтмони ду нерӯгоҳи барқи обӣ - Норак ва Сангтӯда-1 бо мактуби кушод ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат намуданд.
Кормандони бахши энергетика дар муроҷиате ки дар ихтиёри идораи «Азия-Плюс» қарор гирифт, аз президенти Тоҷикистон даъват мекунанд, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 (90-11 июни соли 2015, ш.Душанбе) ба мушкилоти кӯли Сарез таваҷҷуҳ зоҳир намояд. Ба андешаи онҳо сохтмони нерӯгоҳи барқи обӣ дар кӯл бо истифода аз ҷойи бандкардаи кӯҳпораи Усой ба сифати сарбанди табиӣ, ба таъмини амнияту бехатарии аҳолии Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Туркманистон аз рахнашавии кӯли Сарез имкон фароҳам меоварад.
Мани пурраи нома:
НОМАИ КУШОД
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
1 июни соли 2015, ш.Маскав
Аз 9 то 11 июн дар шаҳри Душанбе бо иштироки Шумо Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» доир мегардад.
Дар ҷараёни конфронс масоили марбут ба ҳалли муҳимтарин вазифа барои Тоҷикистон - истифодаи захираҳои обӣ ва рушди бахши гидроэнергетика баррасӣ мешаванд.
Санаи 23 декабри соли 2014 дар Маскав оид ба мушкилоти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ - мушкилоти кӯли Сарез мизи гирд баргузор шуд. Дар ҷараёни кори мизи гирд оид ба нигаронии коршиносон аз вазъи кӯҳпораи афтидаи Усой дар Кӯли Сарез изҳори назар шуда, дар робита ба партоби бехатари қисмате аз ҳаҷми об аз кӯл ва сохтмони неӯгоҳи барқи обии Сарез пешниҳодҳо садо доданд.
Бо роҳандозии корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмону насб дар ин иншоот, метавон бо кафолат амнияти 6 млн. нафар аҳолии Тоҷикистону Афғонистон ва Ӯзбекистону Туркманистонро аз фалокати имконпазир - рахнашавии 17 километри мукааб оби кӯли Сарез ва зери об мондани қаламрави паҳнои Осиёи Марказӣ эмин нигоҳ дошт.
Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Сарез, ки метавон бо истифода аз ҷойи бандкардаи кӯҳпораи Усой ба сифати сарбанди табиӣ амалӣ кард, натанҳо ба таъмини пурраи Кӯҳистони Бадахшон бо барқ, балки ба содироти он ба Чину Афғонистон ва Покистон низ шароит муҳайё мекунад.
Ҳалли ин масъала ба хароҷоти зиёде бастагӣ дорад, ки Тоҷикистон ба он қодир нест, аммо иҷрои ин вазифаи начандон душвор аз нигоҳи техникӣ, дар сурати ба ҳалли мушкилоти Сарез ҳамроҳ шудани кишварҳои минтақа ва давлатҳои мададрасон имконпазир мебошад.
Муҳтарам ҷаноби Президент!
Бори дигар бо таваҷҷуҳ ба мушкилоти кӯли Сарез, ба гумони мо, Шумо зимни суханрониатон дар Конфронси рӯзҳои 9-11 июн дар Душанбе ба ин масъала дахл мекунед ва он мавриди таваҷҷуҳи ҷиддии СММ, роҳбарони созмонҳои байнулмилалӣ, сарони кишвар ва нахуствазирони давлатҳо қарор мегирад, ки дар ҳамдастӣ метавонанд аз уҳдаи иҷрои ин вазифа бароянд.
Бо камоли эҳтиром, Юрий СЕВЕНАРД, доктори улуми техникӣ, роҳбари сохтмони НБО Норак, Александр РЯБИКИН, роҳбари сохтмони НБО Сангтӯда-1.




Боздошти як зан дар Хатлон бо иттиҳоми ҷалби духтарон ба танфурӯшӣ дар Маскав
Тақвими мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон-2026 нашр шуд. Кадом даста, кай ва бо кадом тим бозӣ мекунад?
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 34
Чӣ гуна ҳавои гарми моҳи феврал ба ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ зарар мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 25 феврали соли 2026
“Амонатбонк” кортҳояшро аз нав ба қайд мегирад. Муҳлати сабтином то кай аст ва далели он чист?
Хадамоти алоқа барои беҳтар кардани кори почта бо як ширкати хусусӣ $5 млн созишнома бастааст
Нигаронии Рамазон Раҳимзода: Беш аз 5 ҳазор фолбину ҷодугару “муллоҳои дайду” рӯйхат шудаанд
Як додраси собиқ барои гирифтани пора чор сол равонаи зиндон шуд
Эътирофи мақомот: Аз се як ҳиссаи қарз аз барқ дар Тоҷикистон беасос аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста