Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки барои суръатбахшӣ ба рушди иқтисод дар давраи миёнамуҳлат, ба Тоҷикистон роҳандозии ислоҳоти бештар муассир зарур аст.
«Сарфи назар аз поинтар будани нишондиҳандаҳо нисбат ба натиҷаҳои қаблан касбкарда, то соли 2017 Тоҷикистон бояд тадриҷан ба сатҳи бештари рушд ноил гардад», - зикр мегардад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ.
Дар давраи миёнамуҳлат мутахассисони бонк барои Тоҷикистон «дар сурати амалисозии сиёсати масъулиятноки макроиқтисодӣ ва таъмини суръатҳои кофии ислоҳоти сохторӣ», барқарор шудани сатҳи рушдро пешгӯӣ мекунанд. Онҳо интизорӣ доранд, ки «ҳаҷми сармоягузории хусусӣ то 8% нисбат ба ММД афзоиш ёфта, вазъ дар бахши молиявӣ ва муҳити тиҷорат рӯ ба беҳбудӣ мениҳад».
Тибқи пешгӯиҳои Бонки ҷаҳонӣ, дар дурнамои миёнамуҳлат ҳаҷми сармоягузории маҷмӯавӣ ба 19% нисбати ММД мерасад. «Дар баробари беҳтар шудани вазъ дар ҷаҳон ва идоракунии иқтисод, афзоиши иқтисод бо сармоягузориҳои хусусӣ ва содирот таъмин карда мешавад», - қайд мекунанд коршиносони бонк.
Бонки ҷаҳонӣ пешгӯӣ мекунад, ки соли 2015 афзоиши ММД Тоҷикистон то 3,2% поин рафта, соли 2016 сатҳи афзоиши ММД то 4,4% ва соли 2017 - то 5,2% барқарор мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар муқоиса бо суръати афзоиши ММД Тоҷикистон дар сатҳи 7,4% дар соли 2013, соли 2014 суръати афзоиши он то 6,7% поин рафта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста