Дар робита ба масъалаи гутфшунидҳо миёни Қирғизистону Тоҷикистон оид ба интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба ин кишвар дар мавсими тобистон, муовини вазири энергетика ва саноати Қирғизистон Нурлан Содиқов гуфтааст, ҷонибҳо ҳоло аз рӯи ҳаҷму арзиши барқ ба созиши ягона нарасидаанд.
Нашрияи « Вечерний Бишкек » менависад, муовини вазир иброз доштааст, ки дар ин масъала гуфтушунидҳо идома дошта, онҳо ният доранд, ки ҳамин моҳ қарордод бо Тоҷикистонро дар ин хусус ба имзо расонанд.
«Бо назардошти идомаи гуфтушунидҳо, ба ифшои тафсилоти он дар бораи нархи барқ ҳуқуқ надорам ва ин рақамҳо ҳоло дар ҳеҷ ҷое ҳам сабт нашудаанд. Нисбат ба соли гузашта Тоҷикистон нархи баландтареро талаб дорад, Қирғизистон бошад, ба афзоиши ҳаҷми интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон омода аст», - гуфтааст ӯ.
Аввали ҳамин моҳ ВАО-и Қирғизистон иттилоъ дода буданд, ки Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист.
Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидааанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста