Сафари ҳайати ҷавонони вилояти Суғд ба шаҳри Кӯлоб дар чаҳорчӯби барномаи бузургмиқёси «Соли сайёҳӣ (туризм)», ки тариқи пойгаи автомобилии «Хуҷанд-Душанбе-Кӯлоб» бо иштироки 160 нафар писарону духтарон рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта сурат гирифт, бо шоми дӯстиву ҳамдилии иштирокдорони он анҷом пазируфт.
Рӯзноманигори телевизиони вилояти Суғд ва яке аз намояндагони ҳайат Муҳайё Шарипова дар суҳбат бо хабарнигори «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар интихоби намояндагони ҳайат ба фаъолон, ғолибону ҷоизадорони олимпиадахои фаннӣ, кӯдакони ятим ва кӯдакон аз оилаҳои камбизоат афзалият дода шуда, ҳадаф аз ин иқдом шиносоии ҷавонони минтақаи шимол бо шаҳрҳои ҷануби кишвар ва таҳияи рекламаи имконоти сайёҳиии Тоҷикистон барои меҳмонони форуми байнулмилалии сайёҳӣ аст, ки рӯзҳои 11-17 июн дар шаҳри Хуҷанд доир мегардад.
«Чӣ натиҷае аз ин иқдом ҳосил шуданашро оянда нишон медиҳад, вале мутмаинам, ки шаҳри Кӯлоб бояд ҳатман ба хатсайри ҷумҳуриявии сайёҳӣ шомил карда шавад», - иброз дошт ӯ.
Меҳмонон аз минтақаи шимоли кишвар ҳамчунин бо корҳои омодагии шаҳри Кӯлоб ба ҷашни 700-солагии файлсауфи бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва эълони шаҳри Кӯлоб ба сифати пойтахти фарҳангии кишварҳои ИДМ-2015 аз наздик ошно гардидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста