Зимни суханронӣ дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои беҳсозии таъмини иқтисоди миллӣ ва аҳолии кишвар бо об таваҷҷуҳи бузург зоҳир менамояд.

Ба гуфтаи ӯ, тӯли Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» дар Тоҷикистон барои иҷрои лоиҳаву барномаҳои вобаста ба об аз сарчашмаҳои гуногун тақрибан як миллиарду 648 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуд, аз ҷумла ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳо оид ба таъминсозӣ бо оби нӯшокӣ як миллиарду 51 миллион доллари амрикоӣ, барои иҷрои лоиҳаҳои беҳдоштӣ 262 миллион доллари амрикоӣ ва барои анҷом додани дигар лоиҳаҳои ирригатсионӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 335 миллион доллари амрикоӣ ҷудо карда шуда, дар ин давра дар Тоҷикистон якуним миллион одам шароити беҳтари дастрасӣ ба оби нӯшокиро пайдо кард.

«Бо вуҷуди ин, таъминоти аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ ҳамчун самти афзалтарини соҳаи оби кишвар боқӣ мемонад, зеро сарфи назар аз дастовардҳои назарраси даҳсолаи охир, дар самти фароҳам овардани шароити беҳтари таъминот бо об иҷрои вазифаи мазкур аз нақшаҳои мавҷуда хеле ақиб мондааст», - гуфт сарвари давлати Тоҷикистон.

Ӯ зикр кард, ки унсури муҳимтарини таркибии иқтисоди Тоҷикистон гидроэнергетика буда, он манбаи асосии нерӯи барқ барои аҳолӣ ва иқтисоди кишвар аст. «98 фоизи нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшаванда ба нерӯгоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Ба иллати мушкилоту монеаҳои гуногун Тоҷикистон фақат таҷрибан 4 фоизи имкониятҳои бузурги гидроэнергетикии худро истифода мекунад ва аҳолии кишвар ҳарсола то шаш моҳ дар фасли сармо бо камбуди нерӯи барқ рӯ ба рӯ мегардад», - таъкид дошт Э.Раҳмон.

Президенти Тоҷикистон қайд кард, ки «чунин вазъ, ки дар шароити оғози асри XXI-ум умуман қобили қабул буда наметавонад, ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар ва дастёбӣ ба ҳамаи ҳадафҳои арсаи рушд таъсири номатлуб дорад».

Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти ин, ҳукумати Тоҷикистон рушди соҳаи энергетикиро аз ҳадафҳои стратегии кишвар медонад ва ҳадафи зикршуда, қабл аз ҳама, ба таъмини дастрасии комил ба нерӯи барқ ва боло бурдани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар равона карда шуда, ин матлаб бо ибтикори Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Нерӯи устувор барои ҳама», ки Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи он чандин лоиҳаҳоро амалӣ гардонида истодааст, комилан созгор аст.

«Мушоҳидаҳои 60 соли охир гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвар ба андозаи 0,5 то 1 дараҷаи Селсий баланд шудааст. Дар натиҷа дар мавзеъҳои баландкӯҳи кишвар пиряхҳо ва барфтӯдаҳо босуръат об шуда, боиси нест шудани зиёда аз ҳазор пирях гардидааст. Тибқи арзёбии коршиносон, чунин раванд дар дурнамои миёна ва дарозмуҳлат метавонад ба кам шудани ҳаҷми оби дарёҳо боис гардад, ки ин на фақат барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа пайомадҳои ногувору хатарнок дорад», - изҳори нигаронӣ кард Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, яке аз пайомадҳои тағйирёбии иқлим зиёд гаштани офатҳои табиист, ки ба хисороти ҷиддии иқтисодӣ ва баъзан талафоти ҷонӣ сабаб шудаанд ва тайи даҳ соли охир офатҳои табиии вобаста ба об ба иқтисоди кишвар ба андозаи зиёда аз як миллиард доллари амрикоӣ хисорот оварда, сабаби ҳалокати садҳо нафар гардидаанд.

«Яке аз омилҳои муҳим дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба захираҳои об маблағгузории устувори бахши об ва татбиқи технологияҳои муосир мебошад. Ба ин мақсад ҳукумати Тоҷикистон дар баробари ба кор гирифтани захираҳои дохилӣ, маблағи созмонҳои байналмилалӣ, донорҳо ва сармоягузорони хориҷиро низ ҷалб менамояд», - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.