Бо пешниҳоди ҳукумати ҷумҳурӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ду ширкатро аз пардохти андоз аз арзиши изофашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ барои воридоти таҷҳизоти обёрикунии заминҳо озод карданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Умед Давлатзод қайд кард, ки ин ҷо сари ду ширкате сухан меравад, ки 24 ҳазор гектар замин дар вилояти Хатлонро обёрӣ мекунанд.
Ба гуфтаи ӯ, ширкати «Ҷунтай-Хатлон синсилу»-и Чин дар чор ноҳия – Ҷиликӯл, Носири Хусрав, Шаҳритӯс ва Қубодиён барои парвариши пахта 15 ҳазор гектар заминро обёрӣ мекунад. «Ин қитъаи заминҳо ба чиниҳо ба муҳлати 49 сол ба иҷора дода шуда, ширкат барои фароҳам овардани 30 ҳазор ҷойи корӣ барои кишоварзони ноҳияҳои мазкур уҳдадор шудаааст», - гуфт муовини вазир.
Зикр гардид, ки бо ин мақсад ширкати Чин ба Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 4,8 млн. доллари ИМА қубурҳои пластикӣ, пойгоҳҳои обкашӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои онҳоро ворид карда, маблағи аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда зимни воридоти таҷҳизот зиёда аз 1,1 млн. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод.
Давлатзод ҳамчунин зикр кард, ки ширкати тоҷикистонии «Водии заррин» дар ноҳияи Қумсангир 9 ҳазор гектар заминро азхуд намуда, дар 4,5 ҳазор гектари он пахта парвариш мекунад ва ваъда додааст, ки дар иҷрои ин корҳо беш аз 18 ҳазор шаҳрвандони кишварро бо ҷойи корӣ таъмин месозад. «Дар қисмати боқимондаи замин шолӣ, пиёз ва дигар сабзавоту маҳсулоти кишоварзӣ кишт мешавад», - иброз дошт ӯ.
Ҳамчунин қайд шуд, ки таҷҳизот (пойгоҳҳои обкашӣ, қубурҳо) ба маблағи зиёда аз 3,2 млн. доллари ИМА харидорӣ шуда, маблағи аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшуда 700 ҳзор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки маблағи умумии аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озодшудаи ҳарду ширкат зимни воридоти таҷҳизот ба беш аз 1,9 млн. доллари ИМА баробар аст.




"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста