Дар сафорати Тоҷикистон дар Чин оид ба баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба шомил кардани Тоҷикистон ба лоиҳаи бунёди «ҳалқаи иқтисодӣ»-и роҳи абрешим мизи гирди навбатӣ доир гардид, ки дар кори он роҳбарони воҳидҳои Кумитаи давлатии умури ислоҳот ва рушди Чин ва ҳамчунин Бонки рушди Чин ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Алимов қайд кард, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси раиси Чин Си Ҷинпин «Як Ҳалқа, Як Роҳ»-ро муҳиму рӯзмарра номид, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва таҳкиму рушди муштарак имконоти нав фароҳам меорад.
«Бунёди «Ҳалқа» ба ҳаллу фасли бештар муваффақонаи масъалаҳои рушди иқтисодҳои миллӣ, ҳавасмандсозии инкишофи иқтисоди минтақавӣ ва ҳамгиройии иқтисодӣ имкон дода, эҳёи Роҳи бузурги абрешим ба таҳкими имконоти транзитии Тоҷикистон, афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли фаромарзӣ ва дар баробари ин тариқи долони Тоҷикистон ба «наздикшавӣ»-и кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Халиҷи Форс ба Чин мусоидат мекунад», - иброз дошт сафир.
Сяо Вэймин, муовини директори департаменти рушди минтақаи ғарбии Кумитаи давлатии умури ислоҳот ва рушди Чин зимни суханрниаш хотиррасон намуд, ки Тоҷикистон аз аввалинҳо шуда дар бораи муштарак бунёд кардани «ҳалқаи иқтисодӣ»-и роҳи абрешим бо Чин созишнома ба имзо расонид.
«Чин ба боло бурдани сатҳи робитаҳо бо Тоҷикистон, таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои асосии истеҳсолӣ омода аст. Сармоягузории Чин ба сохтмони зербино ва бахшҳои истеҳсолӣ равона хоҳад шуд, то ки барои рушди иқтисодӣ омилҳои нав дарёфт шаванд», - гуфт номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста