Муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид рӯзи 11 июн бо ноиби президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилгелм Молтер мулоқот кард.
Сармушовири хадамоти матбуоти сарвари давлат Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки зимни вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои таҷдиду азнавсозии нерӯгоҳҳо барқи обӣ, сохтмони хатҳои интиқоли барқ, рушди бахши кишвоарзӣ ва бонкӣ дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи манбаъ, аз рӯйи натиҷаи вохӯрӣ миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки сармоягузории Аврупо дар бораи аз ҷониби ин бонк ҷудо кардани 70 млн. евро барои амалисозии лоиҳаи CASA-1000 Созишномаи молиявӣ ба имзо расид.
Зимнан зикр гардид, ки созишномаро вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва Вилгелм Молтер ба имзо расонидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста