Ҳайати Тоҷикистон, ки даҳаи сеюми моҳи июн дар шаҳри Тошканд дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ширкат меварзад, муайян карда шуд.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ба ҳайати ҳукумати Тоҷикистон таҳти сарварии муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид вазирони рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, нақлиёт – Шералӣ Ганҷалзода, саноат ва технологияҳои нав – Шавкат Бобозода, муовини вазири корҳои хориҷӣ Парвиз Давлатзода, сардори Хадамоти гумрук Фаттоҳ Ғоиб, раиси ШСХК «Барқи тоҷик» Рустам Раҳматзода, директории КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзолаиев, роҳбарони КВД «Тоҷик Эйр» ва КВД «Тоҷиктрансгаз» шомил шудаанд.

«Ба ҷуз шахсони зикршуда, ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин аз роҳбарони Раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати рушди иқтисод ва савдо ва Вазорати нақлиёт низ иборат аст», - гуфт манбаъ.

Хотиррасон шуд, ки дар гуфтушунидҳои Тошканд ҳайати кишвари ҳамсояро муовини аввали нахуствазири кин кишвар Рустам Азимов роҳбарӣ мекунад.

Ёдрас мекунем, ки дар доираи тавофуқоти ҳосилшуда зимни вохӯрии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов моҳи сентябри соли гузашта дар шаҳри Душанбе, аввали моҳи январи соли 2015 Тоҷикистон баҳри баланд бардоштан ва беҳбуди муносибатҳои дуҷониба ба Ӯзбекистон як қатор пешниҳодҳо кард.

Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя барқарор кардани хатсайри ҳавоӣ миёни Душанбеву Тошканд, ки ҳанӯз соли 1992 қатъ гардида буд ва ҳамчунин равуои автобусҳои мусофиркаш байни як қатор шаҳру навоҳии ҳарду кишварро пешниҳод намуд.

Ғайр аз ин, Тоҷикистон ба ҳамтоёни ӯзбеки худ ҳамчунин баррасии масъалаи соддакунии дастрасии раводид барои шаҳрвандони ҳарду кишвар, яъне гирифтани раводид бевосита дар сарҳади давлатҳо ё ба шаҳрвандони ҳарду кишвар иҷозат додани будубош дар қаламрави кишварҳои ҳамдигар бидуни дастрасии раводид ба муддати як моҳро низ ироа дошт.

Дар ҳамин ҳол, маълумоти интишоршудаи чанде аз васоити ахбори умуми Ӯзбекистон оид ба аз ҷониби ҳарду тараф мавриди баррасӣ қарор гирифтани комилан бекор кардани реҷаи раводид миёни кишварҳо тасдиқ нагардид.

Пас аз сафари моҳи сентябри соли гузаштаи президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов ба Тоҷикистон, дар муносибатҳои Тошканду Душанбе возеҳан гармӣ эҳсос мешавад. Корхонаҳои Ӯзбекистон ба ҷустуҷӯи шарикон дар Тоҷикистон оғоз намуда, чанд рӯз қабл дар Хуҷанд бори нахуст вохӯрии сардорони сарситодҳои нерӯҳои марзбонии кишварҳо баргузор шуд ва ҳамчунин ҳаҷми муомилоти мол миёни давлатҳо тадриҷан рӯ ба афзоиш мениҳад.