Вазифаҳо, сохтор, самтҳои фаъолият ва ҳадафи Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат, ки таъсисаш ба нақша гирифта шудааст, рӯзи 13-уми июн дар як нишасте дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Тавре аз Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) хабар доданд, ин марказ ба Тоҷикистон ҷиҳати таъсиси Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат ёрӣ мерасонад. Ниҳоди нави давлатӣ бо ҳадафи соддасозӣ ва ҳамоҳангии равандҳои миллии марбут ба тиҷорати байнулмилалӣ таъсис хоҳад ёфт. Роҳандозии фаъолияти чунин як ниҳод талаби ҳатмии Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (СТҶ) дар чаҳорчӯбаи Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат мебошад. Ёрии МТБ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иҷрои уҳдадориҳои кишвар дар баробари СТҶ бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкории тиҷорат дар Тоҷикистон расонида мешавад.
Вазифаҳои асосии Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат иборат хоҳанд буд аз: Иттилоърасонӣ аз сиёсатҳои соддасозии тиҷорат; мусоидат дар иҷрои уҳдадориҳои марбут ба Созишномаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; ба эътибор гирифтани мушкилоти бахши хусусӣ ҳангоми таҳияи сиёсати соддасозии тиҷорат; иҷрои нақши пайвандгар миёни ниҳодҳои давлати Тоҷикистон ва Кумитаи СТҶ доир ба соддасозии тиҷорат; мусоидат ба ниҳодҳои давлатӣ дар муайян кардани самтҳои бартар барои маблағгузорон; таҳияи қоидаҳои раҳнамоӣ барои ниҳодҳои марбута, аз ҷумла Девони вазирон; боло бурдани сатҳи огаҳии ҷомеа аз масоили марбут ба соддасозии тиҷорат; назорати иҷрои уҳдадориҳои марбут ба созиҳшномаҳои дуҷониба ва ғайра.
Амир Зафар Дурронӣ, мушовири байнулмилалии МТБ доир ба равандҳои тиҷорат, ки ба тими ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъсиси Кумитаи миллии соддасозии тиҷорат ёрӣ мерасонад, мегӯяд: «Равандҳои тиҷорат аз фаъолияти ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва бахши хусусӣ иборат аст ва аз ин рӯ, ба мавҷудияти як сохтори вижа ҷиҳати ҳамоҳангӣ ва ҳамкории муассир ниёз дорад. Ин Кумитаи махсус иқтидори сохторӣ ва назоратии ниҳодҳои миллиро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳояш дар баробари СТҶ дар мавриди соддасозии тиҷорат боло мебарад. Ниҳоди мазкур, ҳамчунин, ба кишвар имкон медиҳад, то мустақилона равиши муассиртаринро дар самти таҳияи сиёсатҳо ва қонунгузориҳои нав муайян карда, бо ҳамкорони тиҷоратӣ гуфтушунидҳои муассиртар бигузаронад. Бахши хусусӣ низ имкон пайдо хоҳад кард, то дар гирифтани тасмимҳои сиёсӣ ҷиҳати соддасозии тиҷорат, аз ҷумла, таҳияи қонунгузориҳо, равандҳо ва василаҳои назорат, ибтикорҳо ҷиҳати рушд, иштироки фаъолтар бикунад».
Дар дарозмуддат, фазои тиҷоратии Тоҷикистон аз нигоҳи сарфаи замонӣ ва молӣ ҳангоми фаъолиятҳои фаромарзӣ манфиат хоҳад бардошт.
Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) дар чаҳорчӯбаи ин лоиҳаи фаннии худ ба бахши хусусии Тоҷикистон ҷиҳати огоҳии бештар аз имкониятҳо ва чолишҳои узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста