Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 15 июн бо ҷараёни корҳои сохтмони Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки навбати дуюми марказии барқу гармидиҳии мазкур бар пояи созишномаи қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин сохта мешавад.
Нахуствазир ҳамроҳ бо мутахассисони ширкати ТВЕА бо қисматҳои ҷудогонаи сохтмон, ки дар он таҳкурсии навбати дуюми МБГ бунёд мегардад, аз наздик ошно гардид.
Расулзода ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастур дод, ки ба сифати корҳои иҷромешуда таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Мутахассисони иншоот ба нахуствазир маълумот доданд, ки навбати дуюми МБГ Душанбе-2 зимистони соли 2016 ба истифода дода мешавад.
«Аз паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чунин бармеояд, ки муддати се соли оянда иқтидори МБГ Душанбе-2 аз 100 МВт ҳозира бояд то ба 400 МВт расонида шавад», - қайд кард Муҳиддинов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста