Дар маълумотномаи омории тоза, ки Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) интишор намуд, қайд мешавад, ки нисфи маблағҳои пулии интиқолёфта аз Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) ба Русия рост меояд.

Бино ба иттилои CA-NEWS , қисми зиёди маблағҳои пулӣ аз Русия асосан ба Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Гурҷистон фиристода мешаванд. Гузориши IFAD бар пояи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ асос меёбад.

Мувофиқи гузориши нав, аз 45 кишвари Аврупо ба Қирғизистон - 2,14 млрд. $, Тоҷикистон - 3,314 млрд. $ ва аз ҳама бештар ба Ӯзбекистон - 5,588 млрд. $ маблағ интиқол дода шудааст.

Гуфта мешавад, имрӯз дар саросари ҷаҳон рӯзгори 750 млн. нафар ба интиқоли маблағҳои пулии наздиконашон аз хориҷи кишвар вобаста аст. Маблағҳои пулии интиқолшуда дар фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, рушди иқтисод нақши муҳим дошта, барои миллионҳо оилаҳо дар дунё ояндаи беҳтареро таъмин мекунанд.

Ба сафи кишварҳои пешсафи Аврупо, ки соли 2014 аз ҳама бештар аз онҳо маблағҳои пулӣ интиқол дода шудаанд, баъди Русия Британияи Кабир - 17, 1 млрд. $, Олмон - 14 млрд. $, Фаронса - 10,5 млрд. $, Италия - 10,4 млрд. $ ва Испания - 9,6 млрд. $ шомил шуда, қариб 75%-и интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҳиссаи онҳо рост меояд.

Нашрияи Деловой Петербург менависад, кишварҳои асосии қабулкунандаи муҳоҷирон дар соли 2014 ИМА, Арабистони Саудӣ, Олмон, Русия ва Аморати Муттаҳидаи Араб боқӣ мондаанд.

Давлатҳои асосии фиристандаи муҳоҷирон дар саросари сайёра Ҳиндустон, Филиппин, Мексика ва Нигерия номбар шудаанд. Бонки ҷаҳонӣ пешгӯи кардааст, ки соли равон шумори умумии муҳоҷирони корӣ дар ҷаҳон беш аз 250 млн. нафарро ташкил хоҳад дод. Соли гузашта танҳо ҳиндустониён аз тамоми гӯшаву канору дунё ба ватанашон 70 млрд. $ маблағи пулӣ фиристодаанд.

Зикр мегардад, ки ҳанӯз моҳи январ камшавии шумори муҳоҷирони корӣ аз Осиёи Миёна дар Русия шурӯъ шуд, ки ба ин раванд бештар шадидтар шудани сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар, аз ҷумла ҳатман супурдани имтиҳони донистани забону русӣ, пардохти суғуртаи тиббӣ, харидани патент барои кор ва ғайра боис гардид.

Аллакай моҳи феврал намояндагони Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия камшавии шумори муҳоҷирон ба андозаи 20%-ро қайд карданд. Аввали моҳи март миқдори норасоии кӯчарӯбон дар Петербургро 25% арзёбӣ шуда, Раёсати минтақавии Хадамоти федералии муҳоҷират пешгӯи намуд, ки сафи кормандон давоми сол 10-15% коҳиш меёбад. Ахири моҳи март бошад, Хадамоти федралии муҳоҷират норасии муҳоҷиронро 30% арзёбӣ кард.

Ба ин раванд ҳамчунин беқрбшавии рубл низ таъсир гузошт: арзиши воқеъии пуле, ки коргарони хориҷӣ ба ватан мефиристоданд, босуръат поин рафта, баръакс, ҳаҷми пулҳои интиқолёфта ба Русия зиёд шуд.