Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим чанде қабл бо ҷараёни корҳо дар сохтмони нақбҳои қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат - Ёвон шинос шуд.
Сармушовири хадамоти матбуоти президенти ҶТ Субҳиддин Муҳиддинов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон корҳои нақбканӣ дар нақби якум бо масофаи 2,68 км аз ду ҷониб оғоз гардида дар нақби дувум бо дарозии 680 м корҳои нақбканӣ танҳо аз як самт оғоз гардидааст ва барои оғози бунёди нақби сеюм, ки дарозии он 735 м мебошад корҳои омодагӣ идома доранд.
Сарфи назар аз идомаи корҳо дар маҳалли сохтмон, муовини нахуствазир аз суръати корҳо нигаронӣ изҳор намуда, назди роҳбарият ва шахсони масъул ҷиҳати суръатбахшӣ ба корҳо ва хушсифат анҷом додани он дастурҳои мушаххас гузошт.
Муовини нахуствазири ҷумҳурӣ зимни сафар ҳамчунин бо рафти корҳои сохтмони корхонаи истеҳсоли сементи «Моҳира», ки иқтидори солонаи он ба истеҳсоли 1,2 млн. тонна семент баробар хоҳад буд, низ аз наздик ошно гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста