Рӯзи 17 июни соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо ноиби президенти Бонки Ҷаҳонӣ оид ба минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ Лора Так барпо гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ, аз ҷумла дастгирии рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар баррасӣ гардида, ҷонибҳо аҳамияти ҳамкориҳои минтақавӣ, бахусус лоиҳаи CASA-1000 ва пайгирии стратегияи ҳамкории Бонкро таъкид намуданд.
Гуфта мешавад, ҳамин рӯз Сироҷидин Аслов ҳамчунин бо раиси зеркумита оид ба масъалаҳои Аврупо ва АвруОсиёи Кумитаи байналмилалии Палатаи намояндагони Конгресси ИМА Дана Роҳрабахер дидору гуфтушунид карда, дар рафти мулоқот як қатор масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла лағви иловаи Ҷексон-Веник нисбати Тоҷикистон ва инчунин масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста