Бинобар сабаби номусоидии обуҳаво замони гул кардани дарахтони мева дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳри Исфара, ки бар асари он ба 9076 гектар аз 10290 гектари боғҳо зиён расида, боғдорон ба маблағи умумии 26 млн. 918 ҳазор сомонӣ хисорот бардоштанд, садҳо соҳибкорони инфиродии деҳоту ҷамоати шаҳри Исфара дар минтақаи ҷануби кишвар ба ҷамъоварии ҳосили мева машғуланд.
Дар доираи тадбирҳои андешида ҷиҳати рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ тибқи мувофиқаи раҳбарияти вилоятҳои Суғду Хатлон, роҳбарони чанде аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҳамроҳ бо роҳбарони корхонаҳои коркарди мева ва сабзавот бо мақсади баррасии имкони харидории сабзавоту мева ба минтақаи ҷануби кишвар сафари корӣ анҷом дода, якчанд қарордод ба имзо расониданд.
Котиби матбуотии раиси шаҳри Исфара Иқбол Тешаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон беш аз 100 нафар соҳибкорони инфиродии шаҳри Исфара, ки барои кори мавсимӣ аз 10 то 15 нафар сокинони маҳаллиро ба кор ҷалб намудаанд, дар боғҳои ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Шаҳритӯс, Қубодиён ва Бохтар ба ҷамъоварӣ ва хушк кардани зардолу машғуланд.








Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста