Як ҳайати Чин аз корхонаи муштараки «Тоҷик Азот»-и шаҳри Сарбанд боздид карданист. Сомонаи маъмурияти вилояти Хатлон дар ин робита иттлоъ медиҳад, ки ин боздид рӯзҳои 21-22 июн сурат мегирад.
Ҳадаф аз сафари ҳайати Чин дар торнамо шиносоии наздик бо вазъ дар корхона, имкони сармоягузорӣ ва роҳандозии истеҳсоли нуриҳои минералӣ дар он унвон шудааст.
Дар худи корхона ташрифи қарибулвуқӯъи меҳмонони хориҷиро тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки алҳол танҳо сари сафари шиносоӣ бо корхона сухан меравад.
«Барои барқарор намудани фаъолияти корхонаи мазкур мебояд молики онро даъват намуда, андешаи ӯро ба инобат гирифт, ҳарчанд суд қарор кард, ки корхона ба молики пештарааш баргардонида мешавад. Ин кори осоне нест. Аммо барои ин нахуст қарори ҳукумати ҶТ «Дар бораи таъсиси КМ «Тоҷик Азот»-ро бекор кардан лозим аст. Ин ҳайати якуме нест, ки аз корхонаи мо боздид мекунад. Аллакай якчанд ҳайатҳо ба корхонаи мо ташриф оварданд, вале ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд», - гуфт як манбаъ дар КМ «Тоҷик Азот».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста