Нимаи ҳафтаи равон дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи 32-юми Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё (ИИАО) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарони бонкҳои марказии Белорусия, Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва сарвари Бонки байнидавлатӣ ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), иштирокдорони ҷаласаи номбурда дар рафти он ҷараёни иҷрои қарорҳои ҷаласаи 31 Шӯрои мазкур, чораҳо оид ба дастгирии бахши бонкӣ ва таъмини устувории молиявии низоми бонкии давлатҳои аъзои иттиҳод, вазъ ва тамоюли бозори асъори давлатҳои аъзо, таҳлили маҷмӯи маълумотҳо оид ба пардохти асъор, ки барои гардиши мол ва хизматрасонӣ миёни давлатҳои аъзо гузаронида мешаванд, ҳолати тавозунҳои пардохт ва динамикаи захираҳои байналмилалӣ, интиқоли маблағҳои пулии шахсони воқеиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Намояндагони бонкҳои марказӣ(миллӣ) ҳамчунин дар рафти муҳокимаи масъалаҳои фаъолияти Шӯрои машваратии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасонии молиявӣ, кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои истеҳсоли нишонаҳои пулӣ, рушди бозори нумизмативӣ, барориши тангаҳои хотиравӣ ва коллексионӣ, мубориза бар зидди тақаллубкорони пулҳои қалбакӣ дар солҳои 2015-2016, мубодилаи маълумотҳои оморӣ, таҳлили қурбҳои асъори миллӣ ва тағйирёбии онҳо, замон ва макони баргузорӣ ва барномаи пешакии кории ҷаласаи 33-уми Шӯро ва масъалаҳои дигари муҳими бонкӣ фикру андеша ва мавқеи худро иброз доштанд.
Ҷаласаи номбурда тибқи барномаи тасдиқшуда ду рӯз идома ёфта, баъди ба имзо расонидани Пайнавишти Ҷаласаи 32 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё анҷом ёфт.
Тибқи қарори қабулшуда Ҷаласаи 33 Шӯрои роҳбарони бонкҳои марказии (миллии) давлатҳои аъзои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста