Рӯзи 22 июн Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи дуюми корҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон (PAMP-2) ба тасвиб расонид. Лоиҳа ба баланд бардоштани маҳсулнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои кори муваққатӣ дар минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон равона шудааст .
Бино ба маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ, лоиҳаи дуюми «Корҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об» моҳи июни соли 2013 оғоз гардид. Ҳадафи он баҳрабарии зиёда аз 770,000 нафар аҳолии сокини дувоздаҳ ноҳияи Тоҷикистон аз имкониятҳои шуғли муваққатӣ ва барқарорсозии инфрасохтори муҳимми ирригатсионӣ ва заҳбуру заҳкаш ба ҳисоб меравад. Инчунин, лоиҳа дар тарҳрезӣ намудани стратегияҳои такмилдодашуда ва рушди ниҳодҳои зарурӣ ҷиҳати идоракунии захираҳои об мусоидат намуда, ба Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва дар баланд бардоштани иқтидори муассисаҳои бахши обёрӣ дар ҳавзаи оби дарёи Кофарниҳон кӯмак мерасонад. То имрӯз, тавассути лоиҳа ҷойҳои кори муваққатӣ барои 11,000 нафар аҳолӣ таъсис дода шуда, дар натиҷа, 3,350 километр каналҳои обёрӣ тоза карда шуданд. Лоиҳа аз ҳисоби грантҳои Барномаи глобалии кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд дар ҳаҷми 45,9 млн. доллари ИМА маблағгузорӣ мешавад.
“Вусъатбахшии имкониятҳои аҳолӣ барои ба даст овардани даромади иловагӣ ба воситаи лоиҳаи мо тадбири аввалиндараҷа дар таъмини ҳифзи хонаводаҳои нодортарин аз паёмадҳои таназзули иқтисодӣ ва коҳишёбии ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ ба ҳисоб меравад,” - мегӯяд Патрисия Виверс-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон. - Дар баробари ин, мо ҳамкории худро бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти татбиқи тадбирҳои афзалиятноки миёнамӯҳлат ва дарозмуддат, ки бо афзоиши маҳсулнокии иқтисод аз ҳисоби гузаронидани ислоҳоти сохторӣ ва таъсисдиҳии ҷойҳои кори доимӣ тавассути мусоидат ба фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди бахши хусусӣ алоқаманданд, идома хоҳем дод».
Гуфта мешавад, бо мақсади фароҳам овардани имконятҳои иловагии шуғл барои 10,000 нафар аз қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ дар робита бо сустшавии афзоиши иқтисодӣ, коҳишёбии интиқоли маблағҳои пулӣ ва хавфҳои чашмдошти алоқаманд бо амнияти озуқавории хонаводаҳо маблағгузории иловагӣ дар ҳаҷми 12 миллион доллари ИМА бахши корҳои ҷамъиятиро дар доираи лоиҳаи РАМР-2 вусъат медиҳад. Чорабиниҳои мазкур имконият медиҳанд, ки бо мақсади беҳтар намудани обёрии 70,000 га майдони замин 2,800 км шабакаи обёрӣ дар шаш ноҳияҳои нав барқарор карда шавад, аз ҷумла Шаҳритус, Қабодиён, Вахш, Қумсангир ва Дангараи вилояти Хатлон ва ноҳияи Ваҳдати ноҳияҳои тобеи ҷумҳур.
Ба иттилои манбаъ, вусъатёбии имкониятҳои шуғл дар соҳаи кишоварзӣ метавонад ба нафъи бахусус занон бошад, ки худ зиёда аз нисфи қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ ташкил медиҳанд.
Зимнан зикр мегардад, ки муассисаи асосии масъул барои иҷрои лоиҳа Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ мебошад. Тамоми ҷузъҳои корҳои ҷамъиятӣ ва барқарорсозии инфрасохтор дар ҳамкории зич бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об, пешвоёни деҳот ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар татбиқи лоиҳа иштирок мекунанд, амалӣ мегарданд.
Сандуқи фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 21 лоиҳа (аз он ҷумла лоиҳаҳои минтақавӣ) иборат аст, ки маблағи умумии онҳо $323,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ба монанди маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд.
Аз соли 1996 инҷониб, Бонки ҷаҳонӣ маблағи зиёда аз 1 млрд. Доллари ИМА-ро дар шакли грантҳо ва қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва захираҳои фондҳои мақсаднок ба Тоҷикистон пешниҳод намудааст.



Аз тавсияи ВКХ барои тоҷикистониҳо то омори кушташудаҳо дар Эрон. Охирин хабарҳо аз ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон
“Охирин аксе, ки бурд ӯ - акси шуми қотилаш буд”. Ёддошти дӯстии Муҳиддин Олимпур бо Лоиқ Шералӣ
Фонди Абу-Забӣ барои сохтмони НБО “Роғун” $100 млн медиҳад. Шарту шароити қарз маълум шуд
Соли гузашта беш аз 62% даромади буҷети давлатиро андозҳо ташкил додаанд
“Ба ноумедӣ роҳ надиҳед”. Ҳушдори чанд сафорати Тоҷикистон дар кишварҳои Ховари Миёна ба шаҳрвандони кишвар
Варзишгарони тоҷик аз “Tashkent Grand Slam 2026” бо як медали тилло ва як нишони биринҷӣ бармегарданд
Аз оғози моҳи Рамазон ва тағйири реҷаи “лимит”, то ҳамлаи Амрикову Исроил ба Эрон ва марги Хоманаӣ
Ҷанги Амрикову Исроил дар Эрон. Охирин хабарҳо аз Ховари Миёна
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 37
“Талафоти бузург”. Эмомалӣ Раҳмон шаҳодати Алии Хоманаиро ба Масъуд Пизишкиён ва миллати Эрон таслият гуфтааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста