Бо пешниҳоди ҳукумати мамлакат имрӯз, 25 июн палатаи поёни парлумони Тоҷикистон ба Буҷети давлатии кишвар барои соли 2015 тағйирот ворид намуд, ки мутобиқи он ширкати Tabian Apparatus Stoc Co. (ТВЕА) барои сохтмони 5 мактаби таҳсилоти умумӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва 20 километр роҳ дар ноҳияи Данғара аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), андоз аз даромад ва андоз аз истифодаи роҳҳо ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмаҳмадова изҳор дошт, ки ширкати чинӣ ба сифати иқдоми хайрия (ҳадя) дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод ва Данғара ба маблағи умумии 80 млн. сомонӣ мактабҳо сохта, барои сохтмони 20 километр роҳ беш аз 79 млн. сомонӣ маблағ хароҷот мекунад.
Зимнан зикр гардид, ки маблағи умумие, ки аз ин ҳисобба буҷети давлатӣ ворид намешавад, 17,6 млн. сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста