Палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ рӯзи 24 июн Созишномаи бурсии ҳанӯз моҳи феврали соли равон баимзорасида байни Тоҷикистон, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оид ба лоиҳаи беҳтар намудани системаи обтаъминкунии чанде аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини вазири молияи кишвар Меҳринамо Ҷонмаҳмадова қайд кард, ки барои амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати бурс (грант) 2,7 млн. доллари ИМА ҷудо мекунад.
Ӯ ба вакилон хотирррасон намуд, ки қаблан БАТР барои амалисозии лоиҳаи мазкур ба сифати қарзи имтиёзнок 10 млн. доллари ИМА ва боз 10 млн. доллари ИМА ба сифати бурс ихтисос дода буд ва ҳамин тариқ, маблағи умумие, ки Бонк барои ин лоиҳа ҷудо мекунад, 22,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Амалисозии лоиҳа ахири соли 2016 ба итмом расида, он шаҳрҳои Қайроққум, Исфара, Конибодом, Хоруғ, Чкаловск, Истиқлол ва ҳамчунин ноҳияи Бобоҷон Ғауровро фаро мегирад», - изҳор дошт Ҷонмаҳмадова.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста