Дар зарфи панҷ моҳи соли равон мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон ба 2,6 фоиз баробар шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ мизони таваррум1,69 фоиз пасттар аст.
Гуфта мешавад, таваррум яке аз нишондиҳандаҳои муҳими макроиқтисодӣ аст, ки дар моҳи майи соли равон муътадилии худро нигоҳ дошта, 0,3 фоизро ташкил намуд ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,3 фоиз камтар мебошад.
Зикр мегардад, ки нишондиҳандаи мазкур дар зарфи 12 моҳи охир ба 5,5 фоиз баробар шуда, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 1,1 фоиз кам мебошад.
Ҳамчунин қайд мешавад, ки дар охири моҳи майи соли ҷорӣ меъёри бозтамвил, ки яке аз фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ба шумор меравад, бе тағйир дар сатҳи 8,0 фоиз қарор дорад.
Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии кишвар дар соли 2015-ро дар мизони 7,5% нигоҳ дорад.
Ёдрас мекунем, ки мизони таваррум соли 2014 дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 7,4%-ро ташкил дод, ки аз сатҳи пешбиникардаи ҳукумат 0,1 банди фоизӣ камтар аст.
Қобили зикр аст, ки сатҳи таварруми соли 2013 дар ҷумҳурӣ сабтшуда – 3,7% аз ҳама пасттарин дар замони истиқлолияти кишвар мебошад. То ин замон сатҳи нисбатан пасти таваррум соли 2012 ба қайд гирифта шуда буд, ки 6,4%-ро ташкил дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста