Бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикисон дар интиҳои моҳи майи соли равон беш аз 11 млрд. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 28,7 фоиз зиёд аст.
Бино ба иттилои дафтариматбуоти Бонки миллии тоҷикистон, дар таркиби бақияи қарзҳо 47,2 фоиз ё беш аз 5,2 млрд. сомониро қарзҳои кӯтоҳмуддат ва 52,8 фоиз ё зиёда аз 5,8 млрд. сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳанд.
«Фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар низоми бонкии кишвар дар панҷ моҳи сипаришуда дар қиёс ба ҳамин давраи соли қаблӣ бо пули миллӣ ба 1,96 банди фоизӣ ва бо асъори хориҷӣ ба андозаи 2,56 банди фоизӣ паст шуданд», - таъкид мешавад дар маълумот.
Гуфта мешавад, ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 6,5 фоиз афзуда, аз ин маблағ 471,9 млн. сомонӣ ба навоҳии дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 3,4 фоиз зиёд мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста