Ҷамъияти саҳҳомии пӯшида «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром) нимаи дуюми соли равон ба корҳои иктишофӣ дар майдони нафту гази Шоҳомбарии Ғарбӣ ҳусни оғоз бахшиданист.
Дафтари матбуоти Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ дар ин робита менависад, рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта ҷаласаи муштараки илмӣ-техникии Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ, Саридораи геология, «Газпром ЭП Интернэшнл Б.В.» ва ҶС «Газпром зарубежнефтегаз» баргузор гардидааст.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа масъалаи амаликунии корҳои геологӣ дар майдонҳои иҷозатномавии ҶСК «Газпром» дар Тоҷикистон баррасӣ шуда, зикр гардидааст, ки пармачоҳи №1-п «Сариқамиш» дар шароити вазнини геологӣ супориш ва корҳоро ба анҷом расонида, нимаи дуюми соли ҷорӣ корҳои сейсмоиктишофӣ дар майдони «Шоҳамбарии ғарбӣ» оғоз хоҳад ёфт.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта ҶСП «Зарубежнефтегаз» корҳои пармакунӣ дар майдони Сариқамиш бо чуқурии 6450 метрро ба итмом расонида, тибқи натиҷаҳои кор, ҳашт қишри иншооти имконпазири нафтугаздор ошкор карда шуд, ки барои азхудкунии саноатӣ корношоям арзёбӣ гардиданд.
Қаблан аввали соли ҷорӣ вазири энергетика ва захираҳои оби ҶТ Усмоналӣ Усмонзода дар ҷамъи журналистон изҳор карда буд, ки ҶСП «Зарубежнефтегаз» (корхонаи фаръии ҶСК «Газпром») захираҳои бузурги карбогидридҳои корношоям барои коркарди саноатӣ дар майдони Сариқамиши Тоҷикистонро кашф кардааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта ҶСК «Газпром» аз баргузории корҳои иктишофи геологӣ дар ду майдони ояндадори нафту гази дорои иҷозатномаи Тоҷикистон – Саргазон (дар ноҳияи Данағра) ва Ренгон (дар 20 километрии ҷануби шаҳри Душанбе) даст кашида буд.
Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста