Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ ҷараён дорад.
Дар ин ҷаласа ҳайати Тоҷикистонро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва ҷониби Молдоваро муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак намояндагӣ мекунанд.
Дар ҷаласа ҷонибҳо имконоти таҳкими ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ, кишоварзӣ ва нақлиёт, маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва ҳамчунин масъалахои дастгирии тиҷорати хурду миёнаро баррасӣ мекунанд.
Зимни ҷаласа зикр гардид, ки сатҳи кунунии ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ба имконоти мавҷуда ҷавобгӯ нест ва таъкид шуд, ки рушди иқтисоди ҳарду кишвар барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ шароитҳои мусоид фароҳам меоварад.
Ҷонибҳо зарурати рушди шаклҳои нави фаъолияти муштарак дар бахши тиҷорат, имконоти амалисозии лоиҳаҳои муштарак, андешидани тадбирҳо ҷиҳати афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо, густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва истеҳсолӣ дар пояи фаъол гардонидани заминаҳои қарордодӣ-ҳуқуқиро таъкид намуданд.
Бино ба маълумоти омории Тоҷикистон, соли 2014 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Молдова 3,9 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Молдова ба 1,3 млн. ва воридоти моли ин кишвар ба Тоҷикистон ба 2,6 млн. доллари ИМА баробар шудааст. Дар муқоиса бо соли 2013 соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Молдова ба андозаи 25,3% коҳиш ёфтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста