Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз, 30 июн Созишномаи санаи 29 апрели соли равон баимзорасида байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба андозбандии кормандони маҳаллии сафорати Амрико дар Душанберо якдилона тасдиқ намуд.
Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба шарҳи ин масъала муовини вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Парвиз Давлатзода изҳор намуд, ки созишномаи мазкур миёни ҷонибҳо қариб муддати якуним сол мувофиқа шуда, ахири моҳи июн аз ҷониби сафири ИМА дар ҶТ Сюзан Эллиотт ва раиси Кумитаи андози ҶТ Нусратулло Давлатзода ба имзо расид.
Зикр гардид, ки мутобиқи созишномаи тасвибшуда, ҳайати шахсии маҳаллии намояндагии дипломатии ИМА дар Душанбе ҳамасола ба буҷети Тоҷикистон ба сифати андоз аз даромад ҳудуди 400 ҳазор доллари ИМА маблағ пардохт мекунанд.
Мебояд гуфт, қаблан низ парлумони Тоҷикистон ба ин монанд як созишномаи дигар миёни ҳукумати кишвар ва Дафтари САҲА дар Душанберо ҳам ба тасвиб расонида буд, ки мутобиқи он кормандони маҳаллии ин ниҳод ҳамасола ба буҷети Тоҷикистон аз даромадашон беш аз 350 ҳазор доллари ИМА андоз пардохт хоҳанд кард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста