Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 197 нафар кормандонашро ихтисор мекунад.
Дар сомонаи расмии БМТ дар ин робита хабар дода мешавад, ки ин ихтисор бо мақсади ба танзим овардани сохтор ва шумораи воҳидҳои хизматчиёни бонк амалӣ мегардад.
Дар маълуомти БМТ қайд мешавад, ки ҳангоми таҳияи сохтори нави БМТ принсипҳое ба инобат гирифта шудаанд, ки дар таҷрибаи байналмилалӣ ба таври васеъ истифода мешаванд. Аз ҷумла, принсипҳои зерин аз қабили, ба санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии амалкунанда мутобиқ будани сохтори бонк, оптималӣ ва камшумор будани воҳидҳои корӣ, идорашаванда ва фаъолияти самаранок доштани сохтори бонк, маҳдуд намудани бархӯрдории манфиатҳо, роҳ надодан ба такроршавии вазифаҳо, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ тавассути баланд бардоштани масъулият ва таъминоти моддӣ ва иҷтимоии кормандон ва муайян намудани музди меҳнати кормандон аз рӯйи фаъолияти онҳоро номбар кардан мумкин аст.
Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани дигаргуниҳои сохторӣ шумораи воҳидҳои хизматчиёни Дастгоҳи марказии БМТ ба миқдори 130 воҳиди корӣ ва шӯъбаҳои минтақавии он ба миқдори 67 воҳиди корӣ, дар маҷмуъ 197 воҳиди корӣ ихтисор карда мешаванд.
Зикр мегардад, ки илова бар ин, тамоми кормандони бонк бояд аз Комиссияи санҷиши тахассусӣ (аттестатсия) гузашта, сатҳи баланди дониш ва малакаи касбии худро бори дигар тасдиқ намоянд.
Бино ба маълумоти бонк, сохтори нав ва таҷдидгардидаи БМТ 1 сентябри соли равон бо 31 адад воҳиди сохторӣ, бо 492 воҳиди корӣ дар Дастгоҳи марказӣ ва 306 воҳиди корӣ дар Шуъбаҳои минтақавӣ ба кор шуруъ мекунад.
Қайд мешавад, ки баъд аз ин сохторҳои ёрирасони БМТ низ мавриди таҷдиди сохтор қарор хоҳанд гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста