Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода ба рӯйхати 500 нафар мусалмонони бонуфузи саросари ҷаҳон шомил гардиданд.

Феҳристи навбатии 500 нафар мусалмонони маъруфи саросари дунё ( The Muslim 500-2016 )-ро рӯзи панҷшанбе Маркази исломии тадқиқоти стратегии шоҳигарии Уммон бо дастгирии Маркази ҳусни тафоҳуми мусулмониву христиании ба номи шоҳзода Ал-Валид бинии Талял дар Ҷорҷтаун ба нашр расонид. Ин рӯйхат аз соли 2009 ҳамасола ба чоп мерасад.

Зимни муаррифии Эмомалӣ Раҳмон муаллифони гузориш қайд кардаанд, ки ӯ аз соли 1993 мансаби раисҷумҳури Тоҷикистонро ба уҳда дошта, интихоби дубораи ӯ дар соли 2013-ро таъкид намудаанд. Қайд мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон маросими ҳаҷро адо карда, соли 2007 аз пасванди славянии «ов» дар ному насабаш даст кашид.

Дар робита ба Саидмукаррам Абдулқодирзода гуфта мешавад, ӯ роҳбари мусалмонони Тоҷикистон аст, ки асосан ҷонибдори равияи суннии исломанд.

Мақоми аввал дар рӯйхати мусалмонони обрӯмандтарини ҷаҳонро шоҳи Урдун Абдуллоҳ II ибн ал-Ҳусайн касб намуда, ходими динии равияи суннӣ дар Миср Шайх Аҳмад Муҳаммад ал-Тайиб зинаи дуюм, шоҳи Арабистони Саъудӣ Салмон ибн Абдул Азиз зинаи сеюм ва Оятулло Сайид Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон зинаи чорумро ишғол намудаанд.

Дар ин рӯйхат волоҳазрат шоҳзода Карим Оғохони IV - пешвои исмоилиёни ҷаҳон, ки дар Фаронса иқомат дорад, дар мақоми 40-ум қарор дорад.

Ҳамчунин дар ин феҳрст ному насаби дигар сарони кишварҳову роҳбарони сатҳҳои гуногун, аз қабили презденти Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон, нахуствазири ин кишвар Аҳмед Давлатоғлу, президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, Туркманистон - Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов, Чеченистон - Рамзан Қодиров муфтии Ӯзбекистон - Усмон Олимов ва дигарон низ зикр шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки соли 2012 низ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ин рӯйхат шомил гардида, дар рӯйхати соли 2013 раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зикр ёфта буд. Дар феҳристи соли гузашта намояндагони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.