Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба арӯсони тоҷик тавсия медиҳад, ки аз сарулибоси тӯёнаи аврупоӣ даст кашида, ба сарулибоси миллӣ афзалият диҳанд.
Яке аз корбарони сомонаи расмии Шӯрои уламо бо номи Ҳабибҷон дар бахши «Саволу ҷавоб» пурсидааст, ки сарулибоси аврупоӣ (фатта) пӯшидан дар ҳақиқат никоҳро бекор мекунад ё ин ки барои напӯшидани ин либос ин гуна фатво додаанд».

Дар Шӯрои уламо ба ин савол чунин посух додаанд: «Мо мусулмонон бояд кӯр-кӯрона ба бегонагон тақлид накунем. Дини мубини ислом барои тамоми ҳолатҳо ҳаёю иффату покдоманиро тавсия медиҳад, ҳамзамон Пешвои миллат борҳо таъкид кардаанд, ки миллати тоҷик худ либоси миллӣ дорад, хуб мешавад, ки тақлид ба гузаштагонамон кунем. Хулосаи калом ин ки зан ба сабаби фатта пӯшидан талоқ намешавад».

Арӯсони шаҳри Хуҷанд. Акс аз маросими ифтитоҳи Кохи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд.



