Дар Душанбе рӯзи 18 октябр маросими нахустнамоиши филми мустанади Темур Зулфиқоров «Бриллианты в пыли бытия» (Алмосҳо дар гарду ғубори зиндагӣ) доир гардид.
Продюсер ва сенариянависи ин филм Темур Зулфиқоров қабл аз намоиш изҳор намуд, ки ба тамошои филм танҳо шиносҳову наздикон ва дӯстонаш ҷамъ омадаанд. Филми мазкур аз 8 қисм иборат буда, давомнокии он 3 соат аст.
Қисмати якум хотираҳои нависанда доир ба шиносоии шахсиаш бо шоираи маъруф Анна Ахматоваро дар бар гирифта, қисмати дуюм ба нависанда ва шоири дигари маъруфи рус Борис Пастернак ва қисматҳои дигар ба шахсиятҳои маъруфи асри ХХ, аз ҷумла Владимири Вистоский, Андрей Тарковский, Белла Ахмадулина ва дигарон бахшида шудааст.
Дар кино романсҳои Темур Зулфиқоров дар иҷрои муаллиф ва сароянда Ирина Дмитриева-Ванн истифода шудааст. Наворбардории филм дар Душанбе доир гардида, дар таҳияи он коргардонҳо Нигина Раҷабова ва Орзу Шарипов, коргардони овоз Шаҳринисо Яковлева саҳм гузоштаанд.
Қобили зикр аст, ки моҳи августи соли равон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар гуфтугӯи телефонӣ шоир ва драманависи номдор Темур Зулфиқоровроо ба ҷашни 80-солагии зодрӯз табрику шодбош гуфта, барои хизматҳои шоёнаш дар пешрафти насру назм ва драматургияи муосири тоҷик арзи сипосу миннатдорӣ кард.
МАЪЛУМОТНОМА
Темур Зулфиқоров соли 1936 дар шаҳри Душанбе ба дунё омада, хатмкардаи Донишкадаи адабии ба номи Максим Горкий аст.
Шоир, нависанда ва драматурги тоҷик Темур Зулфиқоровро дар Ғарб “Дантеи адабиёти рус” меноманд ва асарҳояш ба даҳҳо забони олам тарҷума шудаву миёни хонандагони рус ва кишварҳои ғарбӣ аз маъруфияти хосса бархӯрдор аст. Муаллифи бештар аз 20 асари назмиву насрӣ буда, теъдоди нашри китобҳояшро аз 1 миллион нусха бештар арзёбӣ мекунанд.
Вай ҳамчунин муаллифи сенария дар бештар аз 20 филми ҳунарӣ ва мустанад мебошад.
Соҳиби ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла ҷоизаи “Ясная Поляна”, “Беҳтарин китоби сол”, “Антон Делвиг”, «Хартли-Мерилл» (Ҳолливуд, барои беҳтарин сенария) ва ғолиби озмуни “Ҳазрати Пайғамбар (с) раҳмат барои ҷаҳониён” мебошад Ӯ ду бор ба дарёфти Ҷоизаи Нобел пешниҳод шудааст.
Темур Зулфиқоров муддати тӯлонӣ дар шаҳри Маскав кору иқомат дошт. Айни замон ӯ дар Душанбе зиндагӣ мекунад. Яке аз офаридаҳои охирини адиб, ки дар деҳаи Зимчурӯди Варзоб ба риштаи қалам кашида шудаасту ӯ худ моҳҳои ахир он ҷо иқомат дорад, «Под тенью чинары» (Зери сояи чинор) ном дорад.



