Ходимони санъату ҳунармандони Ӯзбекистон, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ба Душанбе ташриф оварданд, имрӯз ба шаҳри Қӯрғонтеппа раҳсипор гардиданд.

Меҳмонони кишвари ҳамсоя имрӯз аз макони таърихиву ҷойҳои тамошобоби шаҳр, аз осорхона ва китобхонаи вилоятӣ боздид намуда, нимаи рӯз дар Театри ба номи Ато Муҳаммадҷонов консерти ҳунармандони ӯзбек баргузор мешавад.

1/7

Қобили зикр аст, ки бо хатсайри ҳавоии ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» рӯзи 9 май 55 нафар намояндагони санъату ҳунари кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон ба Душанбе омаданд.

Дар ҳайати кишвари ҳамсоя Ҳунармандони халқии Ӯзбекистон Ғуломҷон Ёқубов ва Маҳмуд Намозов, овозхони маъруф Севинч Муминова, ансамбли давлатии тарона ва рақси «Ӯзбекистон» ҳузур доранд. Ҳамчунин ҳамроҳ бо ходимони санъат намояндагони ҳукумат, Вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Ӯзбекистон, Филармонияи давлатӣ ва «Ӯзбеккино» низ ташриф оварданд.

Шоми рӯзи 10 майи соли 2017 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.