Энергетикҳои тоҷик маълумот дар бораи марҳила ба марҳила 30 фоиз болоравии тарифҳо ба нерӯи барқро барои аҳолӣ муддати 4 соли наздик тасдиқ накарданд.
«Воқеан ҳам тарифҳо ба истифодаи нерӯи барқ хеле пастанд ва мо ба ҷиҳати давра ба давра болоравии онҳо ниёз дорем, аммо доир ба ин масъала аз ҷониби ҳукумат алҳол ягон қароре қабул нашудааст», - гуфтанд ба «Азия-Плюс» дар ширкати «Барқи тоҷик».
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ низ ин маълумотро тасдиқ накарда, таъкид доштанд, ки «алҳол чунин ният надоранд».
Дар ҳамин ҳол, чанде аз ВАО бо истинод ба Вазорати энергетика ва барномаи аз ҷониби ҳукумат маъқулшуда хабар доданд, ки нархи барқ имсол - 7%, муддати ду соли оянда - 8% ва соли 2020 - 10% боло меравад.
Ҳамчунин тибқи ин барнома, болоравии тарифҳои истифодаи барқ барои дигар дараҷаҳои истеъмолгарон дар соли 2018 ба андозаи - 9,8%, соли 2019 - 8,4% ва соли 2020 - 15% пешбинӣ шудааст.
Зикр мегардад, ки болоравии ояндаи тарифҳо ба истифодаи барқ танҳо ба Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) дахл нахоҳад дошт.
Қаблан чанде аз ниҳодҳои молии байнулмилалӣ ба ҳукуматдорони тоҷик боло бурдани тарифҳои барқ «барои банақшагирии минбаъдаи қарорҳои аз нигоҳи молиявӣ устувор баҳри ҳаллу фасли буҳрони энергетитикӣ дар кишвар»-ро тавсия дода буданд.
Охири моҳи июли соли равон сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуда буд, ки гурӯҳи кории ҳукумат пешниҳоди ширкати «Барқи тоҷик» доир ба тағйири тарифҳои истифодаи барқро баррасӣ дорад.






Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста