Дар меҳмонхонаи «Шератон»-и шаҳри Душанбе рӯзи 21 августи соли равон Ҳамоиши доираҳои соҳибкории Тоҷикистону музофоти Хайнани Чин баргузор мегардад.

Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон хабар доданд, ҷиҳати иштирок дар ҳамоиш роҳбарону намояндагони 25 ширкати бонуфузи музофоти Хайнан, ки  дар соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, туризм фаъолият доранд, ба Тоҷикистон меоянд.

«Таҳкими робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои тавлидотии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор, инчунин тақвияти ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду кишвар аз ҳадафҳои асосии баргузории ҳамоиш маҳсуб мешавад», - иттилоъ доданд дар Палата.

Қобили зикр аст, ки аз лиҳози ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон аз дигар кишварҳо Чин пешсаф буда, соли гузашта ҳаҷми чунин сармоягузорӣ беш аз 1 млрд. долларро ташкил дод.

Ҳамчунин Чин қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон буда, ҳаҷми он ба зиёда аз 1,2 млрд. доллар расидааст. Ғайр аз ин, Чин ба Тоҷикистон барои эҳтиёҷоти гуногун кумакҳои бебозгашт низ ҷудо мекунад.

Аз лиҳози ҳаҷми муомилоти мол бо Тоҷикистон танҳо Русия аз Чин болотар меистад. Соли гузашта ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Чин ҳудуди 900 млн. долларро ташкил дод.