Зимни дидору гуфтушунидҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.
Дар шаҳри Сямени Чин Эмомалӣ Раҳмон бо сарони кишварҳои Русия Владимир Путин, Миср - Абдулфаттоҳ Ас-Сиси, Бразилия - Мишел Темер, Мексика - Энрике Пеня Нето, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ - Ҷейкоб Зума, сарвазирони Ҳиндустон - Нарендра Модӣ ва Таиланд - Прают Чан-Оча дидору гуфтушунид анҷом дод.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот бо сарвазири Шоҳигарии Таиланд Прают Чан-Оча назари неки ҳарду ҷониб ба дурнамои муносибатҳои ҳамкории байнидавлатӣ таъкид карда шуд ва рушду тавсеаи робитаҳои байни кишварҳо ҷавобгӯи манфиатҳои муштарак арзёбӣ гардид.
Аз сатҳи муколамаи сиёсии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Таиланд ҳарду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, омодагию ҳавасмандии худро барои рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, туризм, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ таъкид доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суҳбати самимӣ аз сарвазири Шоҳигарии Таиланд даъват ба амал овард, ки дар вақти барояшон муносиб аз Тоҷикистон боздид ба амал оварад. Даъват бо камоли майли ҷониби Таиланд пазируфта шуд.
Хадамоти матбуоти сарвари давлат дар бораи муҳтавои дигар вохӯриҳои сарвари давлат дар ҳошияи нишасти БРИКС маълумоти муфассал надодааст.
Ҳамчунин дар Сямен Эмомалӣ Раҳмон бо президенти ширкати кӯҳкории Зиҷин Чэн Ҷин Хэ мулоқот намуда, ҷонибҳо доир ба ҳамкориҳои минбаъдаи миёни ширкати куҳкории Зиҷин ва Тоҷикистон дар бахши афзоиши истихроҷ ва коркарди саноатии тилло дар корхонаи муштараки Зарафшон мубодилаи афкор намуданд.
Зикр гардидааст, ки ин ширкат тайи 10 соли фаъолияти хеш дар Тоҷикистон беш аз 450 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намудааст. То имрӯз истеҳсоли тилло ба 20 тонна ва шумораи коргарон ба бештар аз 2 ҳазор нафар расонда шудааст, ки 98 фисади онро мутахассисони маҳалӣ ташкил медиҳанд.




