Ҳайати Тоҷикистон иборат аз намояндагони ҳукумати вилоятҳо, доираҳои тиҷоратӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва соҳибкории хурду миёна ба кишвари Олтой сафар мекунад.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳукумати кишвари Олтой, ҳадаф аз сафар роҳандозии ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоративу иқтисодӣ миёни минтақаҳои Тоҷикистону Русия аст.
Гуфта мешавад, дар ҷумҳурӣ нисбати маҳсулоти ватании содиротӣ маҳдудиятҳои савдо ва монеъаҳо вуҷуд надоранд. Кишвари Олтой бо вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи маркази Тоҷикистон сохтори мушобеҳи иқтисодӣ дошта, бо вилояти Хатлон муносибатҳои хуби дӯстона дорад.
Дар маркази ҳамоҳангсозии дастгирии содироти Олтой қайд кардаанд, ки тӯли солҳои охир Русия шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон боқӣ монда, бозори Тоҷикистон барои маҷмӯи васеи маҳсулоту хизматгузориҳои Русия боз аст.



