Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 бо иштироки вазирони энергетикаи кишварҳои Афғонистон, Қирғизистон, Покистон ва Тоҷикистон, инчунин намояндагони ниҳодҳои молиявии Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки Аврупо оид ба таҷдид ва рушд, Бонки исломӣ ва USAID баргузор гардид.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода роҳбарӣ намуда, зимни суханронии хеш намояндагони кишварҳои иштирокчии лоиҳаро барои таъмини ҳарчӣ зудтари оғози татбиқи тиҷоратии Лоиҳаи CASA-1000 даъват кард.

Гуфта мешавад, ӯ инчунин таъкид кард, ки зимни вохӯрии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Лоиҳаи CASA-1000, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон барпо гардид, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ба хулосае расиданд, ки марҳилаи оғози Лоиҳа ҳарчи зудтар сурат гирад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин санади тендер барои оғози сохтмони Лоиҳа дар ҳудуди Афғонистон тасдиқ карда шуд.
Дар вохӯрии сарони кишварҳои иштирокчии лоиҳаи CASA-1000 моҳи июли соли равон дар Душанбе Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, ки дар ин самт ҳарчи зудтар қарорҳои дахлдор қабул шуда, бунёди ҷузъҳои алоҳидаи Лоиҳа дар қаламрави чаҳор кишвар оғоз гардад.
Президенти Тоҷикистон таъкид дошт, ки сохтмони зиёда аз 1342 км хатти интиқоли барқи доимӣ ва тағйирёбандаи баландшиддат, бунёди зеристгоҳҳои табдилдиҳандаи ҷараёни барқ (конверторҳо) ва истифодаи таҷҳизоти навтарин дар назди мутахассисони соҳаи энергетика вазифаҳои иловагӣ ва ҷиддӣ гузошта, барои ҳалли саривақтии онҳо дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои Лоиҳа ва шарикони рушд муҳим аст.
Анҷоми амалисозии лоиҳаи CASA-1000 соли 2020 ба нақша гирифта шуда, маблағи зарурӣ барои татбиқи он 1 млрд. 170 млн. доллари ИМА арзёбӣ мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста