Моҳи сентябр Тоҷикистон наздики 235 млн. кВт/соат нерӯи барқро ба хориҷи кишвар содирот кард, ки ин миқдор ба ҳудуди 17 фоиз аз ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар баробар аст.
Аз ҷумла аз нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2» ба Афғонистон - ҳудуди 223 млн. кВт/соат (қариб 23 млн. кВт/соат зиёдтар нисбат ба моҳи сентябри соли 2016) ва ба Қирғизистон - 11,4 млн. кВт/соат(2,2 млн. кВт/соат бештар нисбат ба ҳамин давраи пешин) нерӯи барқ интиқол дода шуд.
Моҳи сентябри соли равон ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқ дар Тоҷикистон беш аз 1,4 млрд. кВт/соат ё худ 47,3 млн. кВт/соат дар як шабонарӯзро ташкил додааст. Дар муқоиса бо моҳи август (48,8 млн.) истеҳсоли барқ ба андозаи 3,1% кам шудааст.
Ҳаҷми умумии истифодаи нерӯи барқ дар моҳи сентябр ба зиёда аз 1,2 млрд. кВт/соат расидааст, ки дар муқоиса бо моҳи август 10,5% камтар мебошад.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи октябри соли равон тарифҳои истифодаи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон 15% - аз 14,65 дирами ҳозира то ба 16,85 дирам барои 1 киловатт/соат бо назардошти андоз аз арзиши иловашуда зиёд карда шуд.
Ҳамасола бинобар сабаби камбуди нерӯи барқ, мавсими тирамоҳу зимистон дар минтақаҳои Тоҷикистон истифодаи барқ маҳдуд (лимит) карда шуда, маъмулан аввали фасли баҳор бекор мешавад. Имсол алҳол он ба мушоҳида намерасад.
Дар мулоқот бо соҳибкорон (14 октябр) Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита изҳор намуд, ки агар корхонаҳои ҷумҳурӣ нерӯи барқро бештар сарфакорона истифода кунанд, мавсими имсолаи тирамоҳу зимистонро бидуни ҷорӣ кардани маҳдудият метавон паси сар кард.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста