Стандарти Комиссияи Иқтисодии Аврупоии Созмони Миллали Муттаҳид  (КИА СММ) DDP-15 барои зардолуи хушк аҳамияти байналмилалӣ дорад

Дар бораи меваи зардолу ва дар ҳолати тар ё хушк манфиатовар будани истеъмоли он барои саломатии инсон аз замонҳои қадим то ба имрӯз навиштаҳо хеле зиёданд. Ҳатто аҷдодони мо онро баробари нони дуюм ҳисоб мекарданд ва ҳамчун воситаи табобат истифода мебурданд. Оиди манфиатҳои иқтисодии ин намуди мева ҷои баҳс вуҷуд надорад, чунки даҳҳо ҳазор нафар сокинон ба хусус деҳқонони сарзамини мо тавассути парвариши зардолу ва фурӯши он сатҳи зиндагии худро баланд мебардоранд.  Қариб дар тамоми минтақаи Тоҷикистон даҳҳо намуди ин меваи фоидаовар парвариш карда мешавад.

Бо дарки манфиати иқтисодии зардолу барои беҳбудии вазъи иқтисодии сокинони кишвари мо зимни вохурӣ бо фаъолони шаҳри Исфара моҳи августи соли 2011 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми боздид аз корхонаи коркарди меваҳои хушки «Баракат-Исфара» ва дар вохӯрӣ бо фаъолон дастуру супориш дода буданд, ки минбаъд содироти меваҳои хушк ба кишварҳои хориҷи дур аз ҷумла ба давлатҳои Аврупо нигаронида шавад. 

1/9

Баҳри тадбиқи дастуру супоришҳои Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мутахассисони Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони корхонаҳои коркарди меваҳои хушк барои муайян намудани ҳолати воқеии соҳаи мазкур аз соли 2011 сар карда, корҳои ташхиси таҳлилӣ (мониторинг) гузарониданд.

Хусусан, кормандони ассосиатсияи байналхалқии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон аз ҳама корхонаҳои коркарди минтақа ва ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳатто аз Ҷумҳуриҳои Қирғизистон ва Ӯзбекистон намунаҳоро барои корбарӣ сарчин намуданд. Натиҷаи ташхисҳоро таҳлил намуда, барои баррасӣ ва муҳокимаи масъалаи мазкур давоми 6 сол якчанд маротиба дар семинарҳои Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд ва таклифу дархости худро нисбати иловаҳо ба стандарти зардолуи хушк пешниҳод намуданд.

Маҳсулотҳои ташхис ва таҳлилшудаи зардолу бо назардошти иқлими минтақа, аз рӯи хусусиятҳои хоси худ, яъне гуногуннавъӣ, андоза, ранг, мазза ва қанднокӣ аз дигар минтақаҳои ҷаҳон фарқ мекунад.

Лозим ба ёдоварист, ки зардолуҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва водии Фарғона истеҳсолшаванда гуногунавъ буда, ба стандарти байнидавлатии  (ГОСТ-28501-90) мутобиқат мекард ва ин раванд тӯли солҳои зиёд дар муносибатҳои савдо аз давраҳои шуравӣ устувории худро дар бозорҳои хориҷӣ нишон дода, мавқеи мустаҳкам пайдо намуда, аз ҷиҳати экологӣ тоза, босифат, бехатар ва рақобатпазир мебошад. Маҳсулотҳои номбурда ба миқдори зиёд истеҳсол гардад ҳам, аммо аз сабаби ҳаҷман гуногун будани қутри (деаметри) зардолуҳои Тоҷикистон ва водии Фарғона, инчунин ба талаботи стандарти зардолуи бедонаки (DDP-15)-и Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Мутаҳид мутобиқ набуданаш, ҳаҷми содирот ба хориҷи дур хел кам ба назар мерасид.

Барои пешниҳод ва ҳимояи стандартҳои нави меваи хушки зардолу санаи 27 то 29 июни соли 2016 дар сессияи 63-юми Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, гурӯҳи кории ҷаласаи махсусгардонидашудаи соҳаи стандартизатсияи меваҳои хушк намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода А.А.-директори Маркази стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои вилояти Суғд, Фаттоев Фирдавс-директори корхонаи «Оро-Исфара», раиси шӯрои муассисони асосиатсияи байналхалқии истеҳсолкунандагон ва содиротчиёни маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (МАПЭСТ), Бузуруков Ҷамшед-аъзои ассотсиатсия, директори корхонаи «Исфара-Фуд», Наҷмиддинов Қобилҷон-(технолог) мутахассиси асосиатсия оиди сифат ва стандартонии маҳсулоти хӯрока, Зарина Нигматова–координатори Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олмон GIZ ва Умед Асланов –координатори ташкилоти Хилсверк Австрия Интернейшнл (Hilfswerk Austria International) иштирок доштанд.

Инчунин дар кори сессияи мазкур намояндагони давлатҳои Германия, Франсия, ИМА, Туркия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Швейтсария иштирок намуданд. Ҳангоми барраси ва муҳокимаи тавсияҳо нисбати зардолуи хушки бедонак аз ҷониби коршиносон зикр карда шуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон боғоти зардолу бо мақсади содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар зиёд гардида, барои рушд ва дастгирии соҳибкорӣ, ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ, тадбирҳои амалӣ андешеда мешаванд. Аз ҷумла, дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои давлатии рушди боғу токпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014 таҳти №683 аз 27 августи 2009 ва барои солҳои 2016-2020 таҳти №793 аз 30 декабри 2015 қабул карда шуд, ки дар рушди соҳаи боғу токпарварӣ ва зиёд гаштани иқтидори содиротии Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар раванди муҳокимаи масъалаи мазкур намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳои худро вобаста ба талаботи стандарти (DDP-15) варианти С пешниҳод намуданд. Баъди баҳсҳои тӯлонӣ пешниҳоди намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қутри (калибровка) зардолуи хушк вобаста ба талаботи варианти С аз ҷониби гуруҳи корӣ қабул карда шуд. Талаботи варианти С гуногунавъии зардолуҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва водии Фарғона истеҳсол ва коркард мешавад дар бар мегирад. Бо назардошти талаботҳои варианти С ҳангоми коркарди зардолу сифати навъи аъло ва навъҳои I ва II истеҳсол карда мешавад. Тибқи талаботҳои варианти А ва В миқдори меваҳо нисбат ба 1 (як) кг/дона мутобиқат мекард, лекин барои истеҳсоли навъи аъло душворӣ пеш меомад. Аз ин хотир ҳаҷми содироти ин навъи маҳсулот кам ба назар мерасид.

Боиси хушнудист, ки баъди таҳлилу баррасиҳо ва баҳсу мунозираҳои зиёд дар сессияи 63-юми ҷаласаи махсусгардонидашудаи соҳаи стандартизатсияи меваҳои хушки Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид пешниҳоди намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди илова ба стандарти зардолуи хушки бедонак DDP-15 қабул гардида, намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистон онро дастгирӣ намуданд.

 

1/10

Қабули стандарти мазкур яке аз дастовардҳои муҳими мақомоти Тоҷикстандарт дар ҳамкорӣ бо истеҳсолкунадагон ва содироткунандагони меваҳои хушки Тоҷикистон мебошад, ки бо дарстгирии созмони бонуфузи байналхалқӣ Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид ва дигар шарикони лоиҳа амали карда шуд, ки аҳамияти минтақавӣ ва байналмиллалӣ дошта, нафақат соҳибкорони Тоҷикистон балки соҳибкорони ҳамаи давлатҳои Осиёи Миёна аз он баҳраманд мегарданд. Истеҳсоли зардолуи хушк аҳамияти иҷтимоӣ-иқтсодӣ дошта, қабули ин стандартҳо барои зиёда аз 30 млн аҳолии, ки дар ин минтақа  зиндагӣ мекунанд ва болоравии сатҳи зиндагии онҳо, инчунин тараққиёти минтақа мусоидат хоҳад кард.

Зикр кардан ба маврид, аст, ки баъди қабули стандарти зардолуи хушки бедонак DDP-15 аз ҷониби роҳбари шуъбаи стандартҳои маҳсулоти меваи хушк ва кишоварзии Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Лилиана Анавайзӣ дар сомонаи интернетӣ мақола бо номи “Зардолу ба Осиёи Маркази Сулҳ меорад” нашр гардид, ки дар он дурнамо ва манфиати ин стандарт барои сокинони Осиёи Марказӣ нишон дода шудааст.

Баъди қабули стандарти Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид (КАИ СММ) барои зардолуи хушк DDP-15 гурӯҳи корӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои Осиёи Маркази бояд варақаи (плакат) сифати молии зардолуи хушк, ва рисолаи тавзеҳии зардолуи хушкро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Коммиссияи Иқтисодии Аврупо пешниҳод намоянд. Ба ин хотир санаи 16 то 18 майи соли 2017 дар Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд бо дастгирии Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи кории ташкилоти ғайритиҷоратию хайриявии австриягӣ оид ба мусоидати ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон "Hilfswerk Austria" барои дастгирӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ, инчунин шарикони рушд, вохӯрии якуми "Гурӯҳи кории минтақавӣ" бо иштироки намояндагони Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон, намояндагони ширкатҳои истеҳсолкунандаи меваи хушк бо ҷалби коршиносони байналхалқӣ аз давлати Туркия доир ба таҳияи плакат ва рисолаи тавзеҳӣ барои Стандарти КИА СММ DDP-15 вобаста ба фурӯш ва сифати молии зардолуи хушккардашуда, баргузор гардид.

Умед Асланов коршиноси ташкилоти байналмилалии "Hilfswerk Austria" International иброз дошт: “Ман бо эътимоди комил гуфта метавонам, ки бо ташаббуси гурӯҳи кории Тоҷикистон, хусусан мутахассисони Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди муҳокима ва қабули стандарти зардолуи хушки DDP 15-и Комиссияи Иқтисодии Аврупо яке аз аввалинҳо шуда аз соли 2011 давоми шаш соли охир дар ҷаласаҳо хеле фаъолона иштирок намуданд ва соли 2016 стандарти мазкур қабул гардид, ки он аҳамияти байналхақӣ дошта, барои соҳибкорони давлатҳои Осиёи Марказӣ имкониятҳои зиёдро дар содироти меваи хушк ба мамлакатҳои Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон фароҳам меорад”.

Дар рафти вохӯрии якуми "Гурӯҳи кории минтақавӣ" намояндаи Ҷумҳурии Туркия Кереджеоглу Эмре ҳамчун мутахассиси ботаҷриба дар соҳаи стандартонӣ оиди таҳияи стандартҳо дар Ҷумҳурии Туркия ва ҳамоҳангсозии онҳо бо стандартҳои Аврупо, оиди рафти сарчини маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз ҷумла хушкмеваҳо, ҳамлу нақли намунаҳо ва гузаронидани ташхиси онҳо, рушди соҳаи назорати маҳсулоти кишоварзӣ аз нуқтаи илмӣ, яъне ихтироъ намудани ойнак-сканерҳо барои муайян ва сабт намудани маълумот ва сифати онҳо, оиди таҳияи рисолаҳои тавзеҳӣ ва ғайра барои иштирокчиён маълумот дод.

Мавриди зикр аст, ки натиҷаи вохӯрии якуми минтақавӣ нишон дод, ки тарафҳо ба баландбардории малака оид ба баҳогузории намунаҳо дар асоси талаботи стандарти КАИ СММ ниёз доранд. Пешниҳод гардид, ки дар вохӯрии дуюми минтақавӣ барои гурӯҳи корӣ тренинги як рӯза дар корхонаи истеҳсоли меваи хушк гузаронида шавад.

Бо ин мақсад давоми ду рӯз санаи 30 октябр то 31 октябри соли 2017 дар корхонаи истеҳсоли меваи хушки  ҶДММ “Оро Исфара”-и шаҳри Исфара ва маркази таълимии Бонки милии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон вохӯрии дуюми минтақавӣ доир ба таҳияи мавод дар асоси талаботи стандарти тиҷоратии DDP-15 марбут ба назорати сифати зардорлуи хушккардашуда, ки аз ҷониби Комиссияи иқтисодии СММ дар Аврупо қабул гардидааст,  баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ намояндагони Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорати иқтисод ва савдо, намояндаи вазорати кишоварзӣ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, намояндагони ассосиатсияи байналхалқии истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (МАПЭСТ), намояндагон аз мақомоти Ӯзбекстандарт ва Қирғизстандарт, инчунин намояндагони ширкатҳои истеҳсоли меваи хушк, коршиносони соҳа иштирок намуданд.

Вохӯрии мазкур аз рӯи лоиҳаи “Барномаи мукаммали дастгирии созмонҳои миёнрави тиҷоратӣ-хизматрасониҳои фарогир ва махсус барои ширкатҳои хурду миёнаи содиротӣ дар бахши коркарди маҳсулоти хӯрока”-и ташкилоти ғайритиҷоратии Хилсверк Австрия Интернейшнл “Hilfswerk Austria International”, Лоиҳаи минтақавии ПРООН “Мусоидати савдо дар Осиёи Марказӣ”, ки аз ҷониби Ҳукумати Финландия маблағгузорӣ карда мешавад, Ҷамъияти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ Олмон GIZ, ташкилоти ҷаъиятии “Маркази идоракунии сифат” ва дигар шарикон роҳандозӣ гардид.

Мақсади баргузории вохурии дуюми минтақавӣ ин мӯҳокима ва тасдиқи маводҳои лоиҳаи рисолаи тавзеҳӣ барои зардолуи хушки истеҳсоли давлатҳои Осиёи Марказӣ ба хусус водии Фарғона аз рӯи стандарти Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид DDP-15 марбут ба назорати сифати зардолуи хушккардашуда, баланд бардоштани малакаи мутахассисони корхонаҳои коркард ва истеҳсолкунандаи зардолуи хушк оид ба баҳогузории намунаҳои маҳсулот дар мутобиқат ба стандарти Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид DDP-15, пурзур кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон, содироткунандагон, мақомоти Тоҷикстандарт ва дигар мақомотҳои ҳавасманд мебошад.

Дар рафти вохӯрии дуюми минтақавӣ лоиҳаи рисолаи тавзеҳии стандарти Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид DDP-15, баҳогузории намунаҳо дар асоси стандарти мазкур, ривоҷ додани ҳамкории минтақавӣ барои пешниҳоди маҳсулоти минтақавӣ бо бренди ягона мавриди муҳокима қарор гирифт.

Баъди муҳокимарониҳо ва таклифу пешниҳодҳои иштирокчиёни вохӯрӣ лоиҳаи рисолаи тавзеҳӣ барои баррасӣ ва омӯзиш ба Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид пешниҳод карда шуд. Дар назар аст, ки дар вохӯрии сеюм, ки тахминан баъди шаш моҳ баргузор мегардад варианти охирини рисолаи тавзеҳӣ барои зардолуи хушк аз рӯи стандарти Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Миллали Муттаҳид DDP-15 тасдиқ гардад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки дар вохурии якум ва дуюми минтақавӣ аз ҷониби намояндагони Агентии Тоҷикстандарти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дар оянда таҳия намудани лоиҳаи рисолаҳои тавзеҳӣ барои стандартҳои меваи тару тозаи "Хурмо" ва "Биҳӣ" ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши КИА СММ таҳия гашта ва баъди қабул ба феҳристи стандартҳо ворид карда шудааст таклифҳо пешниҳод гардид ва он аз ҷониби истеҳсолотчиён ва содиротчиёни маҳсулотҳои кишоварзӣ, намояндагони вазорати кишоварзӣ, секторҳои кишоварзии мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ва намояндагони ташкилотҳои "Hilfswerk Austria" ва "GIZ" ва дигар тарафҳои ҳавасманд қабул карда шуда, дар ояндаи наздик барои барраси ба роҳбарияти КАИ СММ пешниҳод карда мешавад.

Ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки дар ояндаи наздик ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза дар кишвари мо ва мамлакатҳои ҳамсоя зиёд гардида, доираи содироти ин намуди маҳсулотҳо васеъ мегардад ва дар баробари ин рақобатпазирии онҳо дар бозори ҷаҳонӣ баланд бардошта мешавад.