Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон қабули дархостҳо ба озмуни навбатии маъруфи «Бренди сол»-ро ба итмом расонид.
Қаблан санаи анҷоми қабули дархостҳо рӯзи 6 ноябр эълон шуда буд, вале бо назардоши рӯзҳои истироҳат ва ид, тасмим гирифта шуд, ки он то 8 ноябр тамдид карда шавад.
Бино ба маълумоти Кумитаи тадорукоти озмун, то имрӯз барои иштирок дар номинатсияҳои гуногуни ин озмун аз 68 ширкат ва тамғаҳои молии шинохта ва алҳол начандон маъруф 68 дархост қабул шудааст.
Миёни довталабон ширкатҳову тамғаҳои молии маъруфе чун «Мегафон Тоҷикистон», «Tcell», «Спитамен Бонк», «Бонки Эсхата», «Imon International», «Coca-cola», «ТАЛКО», ДФ «Истиқлол», «Obi Zulol», «55 Формула успеха», «I am different», МС «Ёвар», «Пайкар», «Хонаи ман», «Моҳир Семент», «Амирӣ», «Комбинати шири Душанбе», Хонаи заргарии «Ақиқа», «Рахш Такси», «Tojikon Holiday» ва ғайра ҳузур доранд.
Натиҷаҳои озмуни «Бренди сол» бо иштироки соҳибкорон ва намояндагони ширкатҳои ватаниву хориҷӣ моҳи декабр ҷамъбаст мешаванд.
Бо рӯйхати пурраи иштирокчиёни озмун дар суроғаи зерин шинос шуда метавонед: http://tajpatent.tj/index.php/ru/novosti/38-uchastniki-konkursa-brend-goda-2017




