Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) сустшавии минбаъдаи афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон ва солҳои минбаъда пешгӯӣ мекунад.
«Пас аз афзоиши устувор дар соли 2016 интизорӣ меравад, ки дурнамои макроиқтисодӣ барои Тоҷикистон дар соли равон ва минбаъд сусттар мешавад», - қайд мешавад дар иттилоияи Шӯрои иҷроияи ХБА аз рӯи натиҷаҳои машварат бо Тоҷикистон.
Мувофиқи пешгӯиҳои Хазина, соли 2017 суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистон то 4,5% сусттар шуда, соли 2018 «дар натиҷаи ҳамгиро шудани хазинаҳои давлатӣ ва коҳиши ҳаҷми қарзҳо», то 4% поин меравад.
«Эҳтимол ислоҳоти сохторӣ, бахусус дар бахши бонкӣ ё корхонаҳои давлатӣ хатарҳо эҷод созанд, ки ба сатҳи афзоиш таъсири манфӣ мерасонад», - пешгӯӣ мекунанд мутахассисони ХБА.
Онҳо бар ин назаранд, ки афзоиши суст дар бозорҳои дар ҳоли рушд қарордошта ба коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳо ва сармоягузориҳои мустақими иқтисодӣ боис мегардад. Ғайр аз ин, қайд мешавад, ки хатари пайдо шудани мушкилот бо қарзи хориҷии Тоҷикистон то сатҳи баланд расидааст.
ХБА ба ҳукуматдорони Тоҷикистон роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодӣ ва суръат бахшидан ба ислоҳот, бахусус дар бахши бонкиро тавсия медиҳад. «Ислоҳоти бештар амиқ ва таъҷилӣ бар асоси арзёбии қодир ба фаъолият доштан (ҳаётпазирӣ)-и бонкҳо зарур аст», - таъкид мекунанд дар Хазина.
Зикр мегардад, ки барои таъмини суботи макроиқтисодии Тоҷикистон «дақиқан амалисозии сиёсати идораи хазинаи давлатӣ ва қарзиву пулӣ» пешниҳод мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста