Аз оғози соли равон нархҳои истеъмолӣ ва тарифҳо дар Тоҷикистон 6 фоиз боло рафтанд, ки ба «нишондиҳандаи мақсадноки Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ)» мутобиқ аст.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон моҳи октябри соли 2017 сатҳи таваррум 0,4 фоизро ташкил дода, аз аввали сол ба 6,0 фоиз расид.
Гуфта мешавад, нишондоди мазкури таваррум дар моҳи октябр ғайричашмдошт набуда, тавре интизор мерафт он асосан дар натиҷаи таъсири омилҳои ғайримонетарӣ, аз ҷумла болоравии мавсимии нархи маҳсулоти алоҳидаи хурокворӣ ва баланд бардоштани нархи хизматрасониҳои коммуналӣ ба вуҷуд омадааст.
Дар натиҷа, таварруми солона (дар 12 моҳи охир) дар моҳи октябр ба 7,0 фоиз баробар гардида, тадриҷан ба сатҳи нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои давраи миёнамуҳлат, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба ҳадаф гирифтааст, наздик шуд.
Таъкид мешавад, ки дар моҳҳои охир дар натиҷаи ба мувозинат омадани унсурҳои талаботу таклифот муътадилгардии нархҳои баъзе аз маҳсулоти серистеъмоли хӯрокворӣ, ки чанде пеш вобаста ба коҳишёбии истеҳсолот ва пешниҳоди нисбатан ками он ба болоравии назарраси нархҳо боис гардида буд, мушоҳида мегардад.
Ҳамчунин дар БМТ сатҳи таваррумро ба «сиёсати фаъоли зиддитаваррумии монетарӣ, вазъи боэътидоли бозори дохилии асъор ва қурби асъор» нисбат медиҳанд.
БМТ аз эҳтимол дур намедонад, ки сатҳи таваррум дар соли 2017 ва давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7%) тағйир меёбад.
Аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 6,1 фоизро ташкил дод. Тайи солҳои охир сатҳи нисбатан баланди таваррум соли 2011 ба қайд гирифта шуд, ки нарху тарифҳо ба андозаи 12,5% боло рафта буданд. Сатҳи нисбатан пастттари таваррум тӯли солҳои истиқлолият соли 2013 - 5,1 фоиз сабт шудааст.





Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста