Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мекунад, ки тадриҷан ба тарифҳои нерӯи барқ тасҳеҳот ворид намояд.
Дар гузориши нави БАТР оид ба Тоҷикистон таъкид мешавад, ки тарифҳои нерӯи барқ дар ҷумҳурӣ бояд «бо гузашти вақт тасҳеҳ шаванд» ва ҳамзамон зарурати ҳалли «масъалаҳои дахлдори иҷтимоӣ» низ ба инобат гирифта шавад.
Ба истилоҳи дигар, бонк ба ҳукуматдорони Тоҷикистон тадриҷан боло бурдани тарифҳо ба нерӯи барқ ва ҳамзамон ҷустуҷӯи роҳу воситаҳои дастгирӣ аз қишри осебпазири аҳолиро дар ин замина тавсия медиҳад.
Дар ҳошияи «оқилона муайян кардани тарифҳо дар соҳа» таҳлилгарони бонк зарурати суръатбахшӣ ба ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик», шаффофият дар истеҳсолу интиқол ва тақсимоти барқро тавсия додаанд, ки ин се таркиб баъди пурра азнавсозии сохтори «Барқи тоҷик» тақсим хоҳанд шуд.
Ҳанӯз соли 2012 Бонки ҷаҳонӣ ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода буд, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ барои истеъмолгарони маишӣ тадриҷан то 3,5 сент афзоиш дода шаванд. Имрӯз аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ қариб 2 сент маблағ пардохт мекунад.
Аввали соли равон Бонки осиёгии рушд аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карда буд, ки арзиши нерӯи барқро бозбинӣ карда, барои бархе аз гурӯҳҳо қимати онро боло бубарад. Пешниҳоди БОР аз он иборат буд, ки нархи нерӯи барқ барои корхонаҳои хусусӣ ва соҳибкорон поин бурда шуда, барои пойгоҳҳои обкашонӣ ва аҳолӣ гаронтар шавад.
Қобили зикр аст, ки тарифҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон қариб ҳар сол барои ҳамаи дараҷаҳои истеъмолгарон, ба ҷуз Ширкати алюминии тоҷик боло бурда мешаванд. Ахиран тарифҳо аз 1 октябри соли равон тағйир ёфта, айни замон аҳолӣ барои 1 кВт/соат нерӯи барқ 16,85 дирам маблағ пардохт мекунад.
Феълан тарифҳо барои истеъмолгарони саноатӣ ва ғайрисаноатӣ - 40,99 дирам, истеъмолгарони соҳаи буҷетӣ, бахши коммуналӣ ва маҷмааҳои варзишӣ - 16,85 дирам, пойгоҳҳои интиқоли оби нӯшокӣ (водопровод) ва пойгоҳҳҳои обкашии обёрии мошинӣ, пойгоҳҳои таъмиру истеҳсолии Агентии мелиоратсия ва обёрии назди ҳукумати ҶТ - 5,86 дирам (аз 1 апрел то 30 сентябр) ва 16,85 дирам (аз 1 октябр то 31 март) ва барои чоҳҳои амудии мелиоративӣ, пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ - 5,8 дирамро ташкил медиҳад.
Тарифҳо барои истифодаи барқ дар дегҳо ва таҷҳизоти барқӣ бо мақсади таъмини биноҳо бо оби гарм ва гармӣ - 101,54 дирам барои 1 киловатт (барои соҳаи ғайрибуҷетӣ) ва 30,15 дирам (барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ) муқаррар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тарифҳои истифодаи барқ барои истеъмолгари асосии нерӯи барқ - КВД «Ширкати алюминии Тоҷикистон» бетағйир боқӣ мемонанд: аз 1 май то 30 сентябр - 7,20 дирам барои 1 киловатт/соат ва дар мавсими зимистон (аз 1 октябр то 30 апрел) - 11,80 дирам.
Анҷоми ҷараёни азнавташкилдиҳии сохтори ширкати «Барқи тоҷик» соли 2018 ба нақша гирифта шуда, он аз се марҳила - тиҷоратикунонӣ (солҳои 2011-2013), рақобатпазирӣ (солҳои 2014-2015) ва хусусигардонӣ (солҳои 2016-2018) иборат аст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.







"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста